Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқаи велосипедронӣ дар Бӯстон

18.02.2019

: 1138

17 феврал бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ доир гардид.

Варзишгарон аз шаҳри Хуҷанд то назди гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон сабқат намуданд.
Дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, раиси Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов баромад карда, мақсаду моҳияти баргузории мусобиқаро баён карданд.
Зикр карда шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон мусобиқаи мазкур доир мегардад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои дигари мусобиқа муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба велосипедронӣ барои иштирок дар Чемпионати Осиё маҳсуб меёбад.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ба беҳтарин иштирокдорон сипосномаву туҳфаҳо тақдим гардид.
Пас аз ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар шаҳри Бӯстон мусобиқаи велосипедронии "Критериум-2019" доир гардид. Дар мусобиқа дар се синну сол - наврасону ҷавонон ва калонсолон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон сабқат намуданд.