Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио: баррасии намудҳои тирандозӣ, шиноварӣ, гимнастика

Роҳ ба сӯи Токио: баррасии намудҳои тирандозӣ, шиноварӣ, гимнастика Роҳ ба сӯи Токио: баррасии намудҳои тирандозӣ, шиноварӣ, гимнастика Роҳ ба сӯи Токио: баррасии намудҳои тирандозӣ, шиноварӣ, гимнастика Роҳ ба сӯи Токио: баррасии намудҳои тирандозӣ, шиноварӣ, гимнастика

15.02.2019

: 1168

Дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки 15 феврал баргузор шуд, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, ноиби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров низ иштирок кард.

Дар оғози ҷаласа ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо хабар дод, ки нақшаи сеҷониба миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишии намудҳои дзюдо, қайиқронӣ ва гуштини озоду юнонӣ-римӣ омода шуда, барои тасдиқ ба роҳбарият пешниҳод шуд. Дар асоси нақша сарчашмаи маблағгузории ҳайати дастаҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ муайян гардидааст. Акнун варзишгарон медонанд, ки давоми сол бояд дар кадом мусобиқаҳо иштирок кунанд ва омодагӣ бубинанд.
Сипас, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби тирандозӣ, шиноварӣ ва гимнастика гузориш доданд. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба тирандозии варзишӣ Олег Набиев маълумот дод, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ тирандозони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳорати баланд нишон медоданд. Баландтарин дастоварди ин намуди варзиш 2 медали тиллои Анатолий Тилик дар чемпионати ҷаҳон (1958) дар ҳайати шахсӣ ва даставӣ мебошад.
Соли 2019 дар намуди тирандозӣ 4 мусобиқаи интихобии олимпӣ баргузор мешавад. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 4 нафар – Малика Лагутенко, Бежан Файзуллоев, Тоҷиддин Валиев ва Меҳрон Хоҷаев барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд. Малика ва Тоҷиддин дар тирандозӣ аз туфанг, Бежан ва Меҳрон дар тирандозӣ аз таппонча ба мусобиқаҳои байналмилалӣ тайёрӣ дида истодаанд.
Аввалин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии намуди тирандозӣ дар соли 2019 Ҷоми ҷаҳон мебошад, ки 22-28 феврал дар Деҳлии Ҳиндустон доир мегардад. Варзишгарони Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа ширкат хоҳанд кард.
Сармураббии дастаи мунтахаби бонувони кишвар оид ба шиноварӣ Екатерина Измайлова зимни баромадаш иқрор шуд, ки шиноварони мо имкони дарёфти роҳхати олимпиро надоранд, танҳо ба квотаи комиссияи сеҷониба умед мебанданд, ки дар сурати иҷро кардани меъёрҳои муайяннамудаи федератсияи байналмилалӣ ба як духтар ва як писар ҷудо хоҳад шуд. Ба гуфтаи Е. Измайлова бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорон дар ҷумҳурӣ ҳавзҳои зиёди шиноварӣ сохта шудаанд, аммо ягонтои он ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест. Ҳавзҳои моро танҳо барои тамрин мешавад истифода бурд. Ҳоло дастаи мунтахаби кишвар дар ҳайати 14 нафар дар шаҳри Хуҷанд ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудааст.
Таъкид шуд, ки баъд аз раиси федератсияи интихоб шудани Рамазон Раҳимзода дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Соли гузашта варзишгарони намуди шиноварӣ қариб дар ҳамаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионати ҷаҳон иштирок карданд. Дар ҷумҳурӣ бо дастгирии федератсия аввалин маротиба мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ гузаронида шуд ва натиҷаи варзишгарон рӯз ба рӯз беҳтар мешавад.
Хабар дода шуд, ки дастаи мунтахаби шиноварии кишвар охирҳои моҳ дар чемпионати кушоди Ҷумҳурии Узбекистон ширкат хоҳанд кард. Давоми сол иштироки даста дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ (12-28 июл дар Гванжуи Кореяи Ҷанубӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гимнастикаи бадеӣ Миҷгона Шарифова бошад, ҳолати имрӯзаи ин намуди зебои варзишро муаррифӣ кард. Қайд гардид, ки намуди гимнастика низ мисли дигар намудҳо дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ хеле рушд карда буд. Ба ин намуд дар он замон асосан русҳову дигар миллатҳо машғул буданд. Баъд аз кишварро тарк кардани онҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гимнастика қариб аз байн рафт. Танҳо Тамара Владимировна заҳмат кашида, ин намуди варзишро зинда нигоҳ дошт. Солҳо Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон роҳбар надошт ва аз федератсияи ҷаҳонӣ 4000 доллар қарздор мебошад (аъзоҳаққӣ). Хушбахтона, соли гузашта раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Идигул Қосимзода роҳбарии федератсияро бар уҳда гирифт ва ҳоло барои пардохти қарзи федератсия дар назди федератсияи байналмилалӣ чораҷӯи дорад. Бо сабаби напардохтани ҳаққи аъзогӣ феълан варзишгарони мо наметавонанд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд.
Бо хушнудӣ қайд гардид, ки духтарон ба гимнастика таваҷҷуҳи зиёд доранд ва ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳудуди 400 нафар ба ин намуд машғуланд. Барои ҷалби бештари аҳолӣ ва муаррифии гимнастика федератсия тасмим гирифтааст, ки соли равон як чорабинии намоишӣ баргузор намояд.
Баъдан Дилшод Назаров андешаҳояшро оид ба омодагӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иброз намуд. Ӯ, аз ҷумла гуфт, дар ҷумҳурӣ мо варзишгарони хуб бисёр дорем, вале дар хориҷ наметавонанд натиҷа нишон диҳанд. Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ сабабашро дар ҳолати равонии варзишгарон донист. Дар муроҷиат ба сармураббиён ва мураббиён иброз дошт, ки дар баробари машқҳои ҷисмонӣ бо варзишгарон аз ҷиҳати психологӣ низ кор кунанд. Дилшод Назаров пешниҳод кард, ки оид ба ин мавзӯъ омодааст бо ҳайати дастаҳои мунтахаб тренинг гузаронад.