Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷамъомади машқии тими олимпӣ дар Туркия анҷом ёфт

15.02.2019

: 320

Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) ҷамъомади машқӣ-таълимиашро дар Туркия, ки ҷиҳати омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 роҳандозӣ шуда буд, ба анҷом расонд.

Дар Туркия тими олимпии мо се бозии санҷишӣ гузаронд. Шогирдони Усмон Тошев бо дастаҳои футболи ССКА-и Москва (1:1) ва “Ворскла”-и Полтава (1:1) мусовӣ бозӣ карда, аз ҳайати ҷавонони тими “Краснодар” (0:3) шикаст хурданд.
15 феврал ҳайати мунтахаби олимпии кишвар аз Анталия ба Душанбе бармегарданд ва футболбозон ба клубҳои худ мераванд. Ҷамъомади навбатии машқӣ-таълимии дастаи олимпии Тоҷикистон моҳи март ба нақша гирифта шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар Тошканд доир мегардад, аз рӯи нақша ва мақсаднок омодагӣ мебинад. Дар марҳалаи интихобии чемпионати Осиё мунтахаби олимпии мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) ҳастанд.