Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Сахалин-2019: иштироки наврасони тоҷик дар мусобиқаи слаломи бузург

13.02.2019

: 990

Тавре огоҳ ҳастед, 7 феврал дар шаҳри Сахалини Федератсияи Руссия аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” шуруъ гардид, ки то 16 феврал идома меёбад.

12 феврал аз рӯи намуди лижаронии кӯҳӣ, қувваозмоии слаломи бузург мусобиқа баргузор шуд, ки дар он варзишгарони навраси тоҷик ширкат ва Ҷаҳонгир Аҳёзода бо натиҷаи 1:54.82 ҷои 23 ва Зикруллои Шамсулло бо натиҷаи 1:59.42 ҷои 24-умро ишғол намуданд. Миёни писарон дар мусобиқа 49 нафар сабқат карданд.
Ҷои аввалро дар ин қувваозмоӣ Глеб Федеров аз минтақаи Сахалин-1-и Руссия бо натиҷаи 1:37.80 ба даст овард. Ҷои дуюм насиби варзишгари Ҷопон Рйома Катайама (1:37.86), ҷои сеюм насиби варзишгари минтақаи Москваи Руссия Олег Фураев (1:38.09) шуд.
Баъд аз натиҷагирии 5 рӯзи бозиҳо, Кореяи Ҷанубӣ бо 20 медал (8 тилло, 7 нуқра, 5 биринҷӣ) пешсаф аст. Минтақаи Москваи Руссия бо 12 медал (6 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ) ҷои дуюм, минтақаи Сахалин-1 бо 16 медал (5 тилло, 6 нуқра, 5 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол кардаанд. Умуман, варзишгарони 11 даста (аз 28 даста) сазовори медали аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” гардидаанд.
Варзишгарони мо 15 феврал дар қувваозмоии слалом низ иштирок хоҳанд кард.