Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

467 медали варзишгарон дар соли 2018

12.02.2019

: 1081

12 феврал дар Маркази иттилоотии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор шуд.

Раиси Кумита, ҳамзамон ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар ҷавоб ба суолҳои хабарнигорон аз ҷумла қайд кард, ки то Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 вақти кам мондааст ва барои самаранокии кор миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишӣ нақшаҳои кории сеҷониба омода шудааст ва рӯзҳои наздик ба имзо мерасад. Нақша маблағгузории варзишгаронро ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ пешбинӣ менамояд. Аз ин пас варзишгарон аввали сол медонанд, ки дар кадом мусобиқа ширкат мекунанд ва дар доираи ҳамин омодагӣ мебинанд.
Вобаста ба масъалаи иншооти варзишӣ дар ҷумҳурӣ қайд гардид, ки солҳои охир сохта ба истифода додани иншооти варзишӣ маҷрои нав касб кардааст, хусусан давоми ду соли охир дар шаҳри Душанбе наздики 200 майдонча ва толорҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Умуман, тавре Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, феълан дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10000 иншооти варзишӣ амал менамоянд ва бо дастури Пешвои миллат то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони садҳои иншооти варзишии дигар, аз ҷумла дар деҳоти мамлакат, ба нақша гирифта шудааст.
Дар масъалаи ҷалби бонувон ба варзиш қайд гардид, ки ҳам Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳам Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон доир ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Аз 15 нафар барандагони дастгирии молиявии олимпӣ 6 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд, соли 2018 бори аввал дар таърихи варзиши кишвар тими футболи бонувон дар Бозиҳои Осиё ширкат кард ва аз 76 нафар барандагони Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 8 нафарашро бонувон ташкил доданд. Хурсандиовар ҳамин аст, ки соли 2018 4 нафар қайиқрон аз ҳисоби духтарон дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон сазовори ҷои сеюм ва Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ гардиданд. Дар 140 мактаби варзишии ҷумҳурӣ 47715 нафар ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд, ки 5492 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар идома гуфта шуд, ки бонувон – ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ баъд аз анҷоми карйераи варзишиашон бекор намемонанд, онҳо дар муассисаҳои варзишӣ ба шуғл фаро гирифта хоҳанд шуд. Масалан, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳайси мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпӣ фаъолият дорад.

Зикр шуд, ки дар доираи ғамхориҳои Пешвои миллат соли 2018 649 варзишгари тоҷик, аз ин 66 нафар бону, бо маблағи умумии 2794754 сомонӣ ба 146 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзиши кишвар 467 медал, аз ҷумла 151 тилло ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 медал зиёд мебошад. Хурсандибахш аст, ки аз шумораи умумиии медалҳо 136 ададаш аз рӯи намудҳои олимпии варзиш ба даст омадааст.