Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Допинг: варзишгарони маъруфи кишвар ташхис шуданд

18.10.2017

: 1637

Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии зидди допинги ҷумҳурӣ варзишгарони кишвар барои истифода накардани допинг ташхис мешаванд.
Ба иттилои Екатерина Айриян - нозири допинг дар Тоҷикистон – масъалаи истифодаи доруҳои мамнуъ ва нерӯафзо аз ҷониби варзишгарон дар тамоми ҷаҳон ташвишовар гаштааст. Дар баробари ҷомеаи ҷаҳон Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ зидди ин зуҳурот пайваста мубориза мебарад. Дар робита ба ин бо масъулони федератсияҳои варзишӣ ва варзишгарон мулоқоту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста гузаронида мешавад.

Дирӯз бо ҷалби мутахассиси сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон Тана Омарова 8 варзишгари кишвари мо – Шаббос Негматуллоев, Шоира Зулқайнарова (бокс), Ҷаҳонгир Маҷидов (дзюдо), Фарҳод Неъматов, Манучеҳр Неъматов (таеквондо), Баҳодур Қодиров, Искандари Рустам (гуштини озод) ва Бахтовар Ҳасанов (гуштини юнонӣ-римӣ) барои ташхиси допинг даъват шуданд, ки натиҷаи он баъдтар маълум мешавад.

Ташхиси допинги дигар варзишгарони узви дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои варзиш дар оянда гузаронида хоҳад шуд.