Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ муҳим аст

Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ муҳим аст Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ муҳим аст Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ муҳим аст

11.02.2019

: 1045

Дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ дар доираи Барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ шуруъ гардид.

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар оғози семинар ба иштирокчиён – 10 нафар омӯзгор аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ШНТМ ва шаҳри Душанбе моҳияту мақсади баргузории семинарро фаҳмонд. Қайд гардид, ки маҳаки асосии Ҳаракати олимпӣ аз рушди ҷомеа бо муттаҳид кардани варзиш, фарҳанг ва маориф иборат аст. Ҳаракати олимпии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Зери роҳбарии Пешвои миллат соҳаи варзиш дар кишвар сол то сол рушд мекунад ва варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳон ба дастовардҳо ноил мегарданд. Баъд аз мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон дар соли 2010 то имрӯз ҳазорҳо иншооти варзишӣ сохта ва ба истифодаи варзишгарон супорида шудаанд.
Дар идома гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории семинар огоҳонидани Шумо – омӯзгорон доир ба таърихи Бозиҳои олимпӣ, эҳёи Бозиҳои олимпии муосир, таърих ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, бозиҳои одилона ва ахлоқ дар варзиш, оқибатҳои нанговари истифодаи допинг ва огоҳонидани хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир ба мавзуъҳои зикршуда тавассути Шумо - омӯзгорон мебошад. Дар шароити имрӯза огоҳ будани хонандагон доир ба арзишҳо ва принсипҳои олимпӣ ба манфиат аст. Зеро маҳаки асосии Ҳаракати олимпӣ таблиғи сулҳу дӯстӣ миёни сокинон ва сохтани як ҷомеаи осоишта мебошад.
Зикр шуд, ки мардуми тоҷик аз қадим ба варзиш ва тарбияи бадан таваҷҷуҳи махсус дошт. Ниёгони мо ба хотири ҳифзи Ватан ҳатман тирандозӣ аз камон, шиноварӣ, дав, шамшерзанӣ, аспсавориро меомӯхтанд ва имрӯз мебинем ин намудҳои зебои варзиш ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид шудаанд. Ҳамчунин, дар ҷашни Наврӯз ва дигар маросимҳои хурсандии мардуми мо бозиҳои варзишӣ аз рӯи якчанд намуди варзиш сурат мегирифтанд.
Мову Шумо бояд наврасону ҷавононро барои машғул шудан ба намудҳои зебои варзиш талқин кунем, то онҳо аз варзишҳое, ки хушунату зӯроварӣ, таҳқиру хунрезӣ доранд, дур бошанд.
Ба иштирокчиён мутахассисони соҳа аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш давоми се рӯз дар мавзуъҳои “Таърихи Бозиҳои олимпии Юнони Қадим”, “Пйер де Кубертен - асосгузори Бозиҳои олимпии муосир”, “Таърихи Бозиҳои олимпии муосир”, “Принсипҳои пойдории Ҳаракати олимпӣ”, “Рамзҳои Ҳаракати олимпӣ”, “Бозиҳои олимпии тобистона ва зимистона”, “Таърихи Ҳаракати олимпии Тоҷикистон”, “Сарватҳои олимпӣ ва этикаи варзиш”, “Илм ва тибби варзиш, назорати допинг” ва ғайра маърӯза мехонанд.
Иштирокчиёни семинар соҳиби сертификат гардида, чунин семинарҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил мекунанд.