Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик бар ҳамсолонашон аз Маҷористон

11.02.2019

: 953

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) бозии аввали санҷиашро муқобили тими наврасони дастаи “Ференсварош”-и Маҷористон дар доираи ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия бо ғалаба анҷом дод.

Вохӯрӣ 9 феврал дар майдони футболи маҷмааи варзишии “Беллис Резорт”-и шаҳри Белек баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи шогирдони Зайниддин Раҳимов хотима ёфт. Ҳар ду голро дар ҳайати тими наврасони Тоҷикистон Рустам Соиров ба ҳадаф расонд.
Дуюм бозии санҷишии тими наврасони мо 13 феврал ба нақша гирифта шудааст. Футболбозони навраси тоҷик дар ин рӯз муқобили ҳамсолонашон аз дастаи “Академикс Болдклуб Галадсакс”-и Дания вориди майдон мешаванд. Дар бозии дигари санҷишӣ тими наврасони Тоҷикистон 18 феврал бо тими ҷавонони дастаи “NTG Конгсвингер” (U-19) аз Норвегия вомехурад.

Ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Анталия як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба чемпионати ҷаҳон-2019, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.