Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими олимпии Тоҷикистон дар Туркия бо тими Камерун вомехурад

Тими олимпии Тоҷикистон дар Туркия бо тими Камерун вомехурад Тими олимпии Тоҷикистон дар Туркия бо тими Камерун вомехурад

31.01.2019

: 1476

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар машғулияти машқию омӯзишӣ дар Туркия бо тими олимпии Камерун бозии санҷишӣ доир мекунад. Вохурии дастаҳо 11 феврал дар Анталия баргузор мешавад.

Ҷамъомади тими олимпии Тоҷикистон аз 1 то 15 феврал ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари бозӣ бо мунтахаби Камерун дастпарварони Усмон Тошев ду бозии дигари рафиқона доир менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 марти соли равон дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, мунтахаби мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) ҳастанд.