Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Ҷоми пешрафт-2019”: Тоҷикистон ҷои шашумро ишғол кард

28.01.2019

: 985

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019” дар Минск ҷои шашумро ишғол кард.

Тими наврасони мо дар бозӣ барои ҷои панҷум аз дастаи Исландия бо ҳисоби 2:1 шикаст хурд. Голро дар ҳайати тими Тоҷикистон Рустам Соиров зад.
Умуман, дар “Ҷоми пешрафт-2019” тими наврасони Тоҷикистон 5 бозӣ анҷом дод. Дар даври гурӯҳӣ футболбозони навраси мо бар тими наврасони Финландия ғалаба (2:0), бо Белгия мусовӣ (1:1) карда, аз тими мизбон – Белорус шикаст хурд (0:5). Дар бозии плей-офф Тоҷикистон тавассути силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бар Булғористон (4:3) пирӯз шуд.
Мусобиқаи байналмилалии Минск барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.