Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баробарии гендерӣ дар варзиш. Семинари омӯзишӣ дар Бохтар

Баробарии гендерӣ дар варзиш. Семинари омӯзишӣ дар Бохтар Баробарии гендерӣ дар варзиш. Семинари омӯзишӣ дар Бохтар Баробарии гендерӣ дар варзиш. Семинари омӯзишӣ дар Бохтар

28.01.2019

: 1031

Барномаи “Баробарии гендерӣ ва гуногунии биологӣ” бо баргузории семинари омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар ҷамъбаст гардид.

Дар семинари серӯзаи омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар 20 нафар - 10 бону, 10 мард аз ҳисоби варзишгарон, муррабиён, мутахассисони соҳа ва кормандони МҶМОВ-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҷалб гардиданд.
Ба иштирокчиён мутахассисон аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мавзӯъҳои “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд”, “Сиёсати Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар бораи баробарии гендерӣ-гуногунии биологӣ дар варзиш”, “Аҳамияти баробарии гендерӣ дар варзиш”, “Дастовардҳои варзишии бонувони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ”, “Пешгирии тафовути ҷинсӣ дар варзиш”, “Ҳуқуқи баробари мард ва зан ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарӣ”, “Васеъ гаштани инфрасохтор ва хадамоти иҷтимоии занон” ва ғайра маърӯза хонданд.
Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавқеи бонувон дар ҷомеа аҳамияти хоса медиҳад. Хусусан, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 26 декабри соли 2018, аз ҷумла қайд карданд: “Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил доданд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”.
Дар идомаи семинар гуфта шуд, ки агар солҳои пеш духтарон барои тамрин ҷой намеёфтанд, аммо имрӯз тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Бонувони мо бе мамониат метавонанд ба варзиш ва барои ҳифзи саломатӣ ба тарбияи бадан машғул шаванд. Хушбахтона, сафи варзишгарон аз ҳисоби бонувон сол то сол меафзояд. Аз ҷумла, имрӯз дар фитнес-клубҳо мушоҳида мекунем, ки бонувони мо ба обутоби бадан машғуланд. Волидон низ духтаронашонро ба гурӯҳҳои варзишӣ месупоранд ва ҷиҳати иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ имкон фароҳам меоранд.
Қайд гардид, ки имрӯз Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба баробарии гендерӣ дар варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Аз 15 нафар гирандагони дастгирии молиявии олимпӣ ҷиҳати омдагӣ ва дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 6 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд. Онҳо дар баробари мардон барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош доранд.
Дар баробари маърӯзаҳо иштирокчиёни семинар ба машғулиятҳои амалӣ низ ҷалб шуданд ва аз ҷониби онҳо таклифу пешниҳодҳо ироа шуд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки чунин семинару мулоқот дар деҳот бо волидон низ гузаронида шавад, зеро ҳанӯз ҳастанд падару модароне, ки монеаи ба варзиш машғул шудани духтарон мегарданд.
Иштирокчиёни семинар дар анҷом соҳиби сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гардиданд.

Умуман, ба семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Турсунзода ва Бохтар, ки бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, 60 нафар ҷалб гардида, дониши худро оид ба масъалаи баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа, манфиати иҷтимоии варзиш пурра намуданд.