Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Ҷоми пешрафт-2019”: Пирӯзии Тоҷикистон бар Булғористон

27.01.2019

: 1016

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019” дар Минск тавассути силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бар тими наврасони Булғористон ғалаба кард.

Вақти асосии дидор мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳаои ёздаҳметра футболбозони навраси мо маҳорати баланд нишон доданд – 4:3. Дарвозабони тими наврасони мо Муҳриддин Ҳасанов 2 тӯби ҳарифонро баргардонд.
Акнун барои ҷои панҷум тими наврасони Тоҷикистон бо дастаи наврасони Исландия вомехурад. Ин бозӣ 28 январ, соати 12:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Дар финал дастаҳои Белорус ва Исроил бозӣ мекунанд, барои ҷои сеюм бошад, Гурҷистон ва Словакия.
Мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон (U-17) «Ҷоми пешрафт-2019» дар Минск

Бозӣ барои ҷойҳои 5-8

Булғористон – ТОҶИКИСТОН – 1:1. Пеналти – 3:4
Голҳо: Рустам Соиров, 64 (0:1). Крастев, 70 (1:1).

Булғористон: Георгиев, Пемперски, Статев (Боянов, 76), Сораков (Папазов, 58), Крастев, Сончев (Мавродиев, 67), Николов (к), Калинов (Пенелов, 76), Бучков, Бакалов, Христов.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Озодбек Панҷиев (Шуҳрат Элмуродов, 56), Амадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

26 январ. Минск. Манеж.

Белгия – Исландия – 2:4

Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
Литва – Молдова – 0:3
Финландия – Украина – 2:1

Нимфинал
Белорус – Гурҷистон – 3:0
Словакия – Исроил – 0:0. Пеналти – 4:5

28 январ (душанбе)

Бозӣ барои ҷои 5
Исландия – ТОҶИКИСТОН

Бозӣ барои ҷои 11
Литва – Украина

Бозӣ барои ҷои 9
Молдова – Финландия

Бозӣ барои ҷои 7
Белгия – Булғористон

Бозӣ барои ҷои 3
Гурҷистон – Словакия

Финал
Белорус – Исроил