Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду рекорди миллии варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон

26.01.2019

: 1131

Варзишгарони варзиши сабуки Тоҷикистон дар 5-ум мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаҳои қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова дар Уст-Каменогорски Қазоқистон сазовори ду медал гардиданд.

Дар қувваозмоии дав ба масофаи 800 метр миёни мардон Одилшоҳ Исматов бо натиҷаи 1:53.39 сазовори медали нуқра шуд. Ӯ аз ҳарифи узбекистониаш Хуршед Аҳмадалиев 19 сония қафо монд. Дар дав ба масфаи 400 метр миёни бонувон Кристина Пронженко бо натиҷаи 55.72 медали биринҷӣ ба гардан овехт.

Ҳар ду варзишгар рекорди нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштанд (дар дохили толор).
Варзишгарони дигари мо Илдар Аҳмадиев дар қувваозмоии дав ба масофаи 60 метр миёни мардон ҷои ҳафтум (бо натиҷаи 01.03.00), дар ҷаҳиш ба дарозӣ ҷои панҷум (6.89), Меҳрубон Шамсиддинов дар масофаи 3000 метр ҷои ҳафтум (16.11.95)-ро ишғол намуданд.
Дар мусобиқа, ки аз рӯи 10 қувваозмоӣ – ҷаҳиши секарата, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш ба дарозӣ, дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 3000м ва 60м бо монеа, ҷаҳиш бо найзачӯб ва эстафета 4х200м баргузор шуд, беш аз 300 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон ва Украина ширкат намуданд.