Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бохти тими наврасони Тоҷикистон аз Белорус дар “Ҷоми пешрафт-2019”

Бохти тими наврасони Тоҷикистон аз Белорус дар “Ҷоми пешрафт-2019” Бохти тими наврасони Тоҷикистон аз Белорус дар “Ҷоми пешрафт-2019”

21.01.2019

: 1008

Дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019” оғоз гардид, ки дар он тими футболи наврасони Тоҷикистон ширкат дорад. Дар бозии аввалаш дар гурӯҳи “А” шогирдони Зайниддин Раҳимов аз тими мизбон – Белорус шикаст хурд (0:5).

Дар даври дуюм, 22 январ, тими наврасони Тоҷикистон бо тими Белгия вомехурад, ки дар даври аввал бар Финландия пирӯз шуд (1:0).
Дар асоси низомномаи мусобиқа, дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷои аввалро ишғол менамоянд, инчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷом талош мекунанд. Ду дастаи дигари ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳамроҳ бо ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои сеюмро ишғол мекунанд, барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд. Дастаҳои ҷои чорум ва се дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо бозиро барои ҷойҳои 9-12 идома медиҳанд.
Мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон (U-17) «Ҷоми пешрафт-2019» дар Минск

Гурӯҳи «А». 1-ум давр
Белорус – ТОҶИКИСТОН – 5:0
Голҳо: Шаҳром Назаров, 11 – автогол (1:0). Адамчик, 29 (2:0). Плют, 35 (3:0). Шестюк, 56 (4:0). Шестюк, 73 (5:0).

Белорус: Сидорин, Макаренко, Шалашников (Якушевич, 73), Сичев (Киркиский, 65), Ломако (Никипоренок, 41), Ковалевич (Ровдо, 51), Плют (Шестюк, 41), Адамчик, Лисакович (Лискевич, 65), Забелин (Ложкин, 51), Жук.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов (Авазбек Зиёзода, 73), Исроил Холов, Озодбек Панҷиев (Меҳробҷон Азимов, 63), Азизбек Ҳасанов (Амадонӣ Камолов, 41), Шуҳрат Элмуродов (Ислом Зоиров, 41), Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Парвиз Ҳоҷиев, 75), Сунатулло Исмоилов (Рустам Соиров, 41).

Огоҳӣ: Сидорин (Белорус), Шарифбек Раҳматов, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Рустам Соиров (Тоҷикистон).



Белгия – Финландия – 1:0

Гурӯҳи «В». 1-ум давр
Исроил – Молдова – 1:2
Исландия – Гурҷистон – 0:3

Гурӯҳи «С». 1-ум давр
Словакия – Литва – 2:0
Булғория – Украина – 1:0

Бозиҳои оянда:

2-юм давр
22 январ (сешанбе)

12:00. Булғория – Литва
14:05. Украина – Словакия
16:10. Исландия – Молдова
18:15. Белгия – ТОҶИКИСТОН
20:20. Финландия – Белорус
22:25. Гурҷистон – Исроил

3-юм давр
24 январ (панҷшанбе)

12:00. Литва – Украина
14:05. Словакия – Булғория
16:10. Молдова – Гурҷистон
18:15. ТОҶИКИСТОН – Финландия
20:20. Белорус – Белгия
22:25. Исроил – Исландия

Бозиҳои плей-офф
26 январ (шанбе)

12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
14:05. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
16:10. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
18:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
20:20. Нимфинал
22:25. Нимфинал

Бозиҳои ҳалкунанда
28 январ (душанбе)

12:00. Бозӣ барои ҷои 11
14:10. Бозӣ барои ҷои 9
12:00. Бозӣ барои ҷои 7
14:10. Бозӣ барои ҷои 5
16:20. Бозӣ барои ҷои 3
18:40. Финал
20:30. Маросими пӯшидашавӣ

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.