Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ба 42 нафар унвони варзишӣ тақдим гардид

Ба 42 нафар унвони варзишӣ тақдим гардид Ба 42 нафар унвони варзишӣ тақдим гардид Ба 42 нафар унвони варзишӣ тақдим гардид Ба 42 нафар унвони варзишӣ тақдим гардид Ба 42 нафар унвони варзишӣ тақдим гардид

11.01.2019

: 1918

42 нафар мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои “Номзад ба устоди варзиш”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро иҷро намудаанд, бо шаҳодатномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Шаҳодатномаҳо зимни як ҷаласа дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷониби ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо ва сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Носир Бозоров тақдим гардид.
Назарзода Ризо аз номи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иштирокчиёнро барои сазовор шудан бо унвонҳои навбатӣ таҳният гуфта, аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишу варзишгарон ёдовар шуд. Иброз дошт, боиси хушбахтист, ки соли 2018 сафи гирандагони Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 3 маротиба бештар шуда, ба 76 нафар расид.
Имрӯз барои тамрини варзишгарон тамоми шароитҳо муҳайё гардида, хусусан ду соли охир бо супоришу ҳидоятҳои Пешвои миллат ва дар доираи ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт наздики 200 иншооти варзишӣ бунёд гардид ва то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта ба истифода додани садҳо иншооти дигари варзишӣ дар назар аст.
Таъкид шуд, ки фақат варзишгаронро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба тамрин машғул шаванд ва барои муаррифии шоистаи Ватани маҳбубамон дар арсаи ҷаҳонӣ талош кунанд.
Ҳамин тариқ, 4 нафар – Икромзода Баракатулло, Аҷам Нуриддинов, Муҳаммадҷон Холиқов (ҳар се аз намуди гуштини миллӣ), Фаррух Шоев (каратэ-киёкушинкай) бо унвони “Номзад ба устоди варзиш”, 35 нафар – Асадбек Фатоев, Сафаралӣ Давлатов, Меҳрдод Аҳёев, Сиёвуш Машрабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (ҳама аз намуди каратэ), Гулмира Исроилова, Сунатулло Юнусзода (бокс), Ардашер Гадоев (шиноварӣ), Муҳаммадҷон Баротов, Довуд Соҳибназаров, Одилҷон Сафаров (гуштини миллӣ), Миралӣ Мустонов (гуштини юнонӣ-румӣ), Сулаймони Ҷамшед, Мирзоҷамил Рамазонов (дзюдо), Синои Маҳмадулло, Ҳабибуллои Саъдулло, Некрӯз Зуҳуров (қайиқронӣ), Абдурауф Мусоев, Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук), Фармон Зоҳирбеков, Эроншоҳ Нағзибеков, Тоҳирҷон Қурбонов, Эҳсон Одинаев, Сардемак Марадов, Алишер Ҷабборов, Матлуба Маҳшулова, Карашма Камолова (волейбол), Анушервон Раҳимов (камонварӣ), Амришер Собиров (дастхобонӣ), Сорбон Азизов, Омина Зарифова, Умеди Қурбонназар, Шоҳзода Тоҷибоева (таэквандо ИТФ), Комрон Нарзуллоев (таеквондо WT), Абдуҳаким Ҳақбердиев (вазнбардорӣ) бо унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сафия Исмоилова (таэквандо ИТФ) бо унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” ва 2 нафар – Баҳодур Каримов (шашка), Абдулло Наботов (дзюдо) бо унвони “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гаштанд.
Сипас, иштирокчиёни ҷаласа осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро тамошо карда, бо дастоварди варзишгарони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва бо умеди он ки ному медалҳои онҳо низ дар осорхона ҷой гирад, ошно гардиданд.