Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозии санҷиши тими олимпии Тоҷикистон бо “Истиқлол”

Бозии санҷиши тими олимпии Тоҷикистон бо “Истиқлол” Бозии санҷиши тими олимпии Тоҷикистон бо “Истиқлол”

09.01.2019

: 1053

Дар доираи ҷамъомади машқию омӯзишӣ дар Душанбе тими олимпии Тоҷикистон (U-23) 8 январ бо қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол” бозии санҷишӣ анҷом дод.

Вохурӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, бо ҳисоби 4:1 ба нафъи футболбозони пойтахт ба анҷом расид. Дастаи мунтахаби олимпии кишвар ҳисобро дар дақиқаи 17-ум кушод, аммо ин натиҷаро то охир нигоҳ дошта натавонист. Барои “Истиқлол” ин аввалин бозии санҷишӣ таҳти сармураббигии Ҳаким Фузайлов буд.
Дастаи олимпии Тоҷикистон 9 январ, қабл аз сафар ба давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат”, ки 15-21 январ баргузор мешавад, ҷамъомади машқию таълимиро ба анҷом мерасонад. Дар Доҳа мунтахаби олимпии мо бо дастаҳои олимпии Эрон (15 январ), Қатар (18 январ) ва Кувайт (21 январ) бозӣ мекунад.
Иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи олимпии кишвар ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 ба ҳисоб меравад. Дар мусобиқаи интихобӣ, ки 22-26 марти соли равон дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, мунтахаби мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш мунтахабҳои Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) ҳастанд.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» – Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) – 4:1
Голи тими олимпӣ: Саидмухтор Азимов.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23): Рустам Ятимов, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Зоир Ҷурабоев, Алишер Баротов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Кароматулло Саидов, Шервонӣ Мабатшоев, Саидмухтор Азимов, Шериддин Бобоев, Амирҷон Сафаров.

Дар ҷараёни бозӣ ба майдон баромаданд: Табрези Давлатмир, Доробҷон Эргашев, Далер Ёдгоров, Абдулмумин Забиров, Алишер Холмуродов.

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

8 январ. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе. 100 мухлис.