Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

2018 барои Кумитаи миллии олимпӣ соли бобарор буд

2018 барои Кумитаи миллии олимпӣ соли бобарор буд 2018 барои Кумитаи миллии олимпӣ соли бобарор буд

25.12.2018

: 542

25 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Аҳтам ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор шуд.

Дар оғоз Абдуллозода А. ҳозиринро аз номи роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ бо фарорасии Соли нави 2019 табрик намуда, иброз дошт, ки соли 2018 барои Кумитаи миллии олимпӣ соли бобарор буд. Аввали сол бинои Кумита аз ҷониби Ширкати ватании “Фароз” таъмир ва бо таҷҳизоти зарурии корӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Бино баъд аз навсозӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Ҷаноби Олӣ, ҳамчунин дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумита аз 14 феврали соли равон иштирок ва суханронӣ намуда, барои рушди бештари соҳа супоришҳо доданд, ки давоми сол аксари супоришҳо иҷро гардиданд.
Зимни баррасии масъалаҳо, аз ҷумла қайд гардид, ки бо ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумита соли равон дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ҳайати 105 нафар ба Бозиҳои Осиё (Индонезия) ва дар ҳайати 8 нафар ба Бозиҳои олимпии наврасон (Аргентина) сафарбар кард. Варзишгарони мо дар Бозиҳои Осиё сазовори 7 медал – 4 нуқра, 3 биринҷӣ шуданд.
Рӯйхати варзишгарони Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои омодагӣ ва ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар ҳайати нав тасдиқ шуд. Қайд гардид, ки дар мувофиқа бо Ҳамбастагии олимпӣ баъзе варзишгарон, аз ҷумла Суҳроб Боқиев (дзюдо), Мадина Ғаффорова (бокс) бо хоҳиши худашон ё мураббиёнашон аз рӯйхат бароварда шуданд.
Ҳамин тариқ, Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ рӯйхати нави варзишгарон ҷиҳати дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро дар давраи аз январи 2019 то августи 2020 тасдиқ кард:
1. Назаров Дилшод (варзиши сабук) – 950 доллари ИМА;
2. Даминов Шаҳриёр (қайиқронӣ) – 800 доллари ИМА;
3. Устопириён Комроншоҳ (дзюдо) – 700 доллари ИМА;
4. Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо) – 600 доллари ИМА;
5. Раҳимов Темур (дзюдо) – 500 доллари ИМА;
6. Маҳмадбеков Сомон (дзюдо) – 300 доллари ИМА;
7. Қаландарова Шоҳида (дзюдо) – 300 доллари ИМА;
8. Ҳалимова Моҳру (таеквондо) – 300 доллари ИМА;
9. Негматуллоев Шаббос (бокс) – 350 доллари ИМА;
10. Климик Карина (шиноварӣ) – 200 доллари ИМА;
11. Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук) – 200 доллари ИМА;
12. Саидҷон Гулов (гуштини озод) – 200 доллари ИМА;
13. Манижа Мадкаримова (таеквондо) – 200 доллари ИМА;
14. Абдулҳаев Суҳроб (гуштини юнонӣ-римӣ) – 200 доллари ИМА;
15. Зулқайнарова Шоира (бокс) – 200 доллари ИМА;

Варзишгарони номбаршуда аз 1 январи соли 2019 то 31 августи 2020 аз ҳисоби дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ ба тамрин машғул шуда, дар мусобиқаҳои байналмилали иштирок ва ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунанд.
Гуфта шуд, ки маблағи Барномаи дастагирии молиявии варзишгарон барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 216000 долларо дар бар мегирад ва дар давраи аз сентябри соли 2017 то декабри 2018 барои 15 варзишгар 96000 доллар хароҷот шудааст. Маблағи давраи 2019-2020 барои 15 варзишгар 120000 долларро ташкил медиҳад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин гузориш дода шуд, ки моҳи феврали соли равон дар шаҳри Сахалини Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинии варзишӣ 4 нафар – 3 варзишгар, 1 мураббӣ – намояндагӣ мекунанд. Феълан варзишгарон бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ ба бозиҳо омодагӣ мебинанд. Онҳо дар қувваозмоии лижаронии кӯҳӣ иштирок хоҳанд кард.
Қайд гардид, ки ду соли оянда барои мо ва варзишгарон хеле муҳим аст. Соли 2019 аз рӯи аксарияти намудҳои варзиш мусобиқаҳои интихобии олимпӣ оғоз мегарданд ва зарур аст, ки иштироки варзишгаронамонро дар мусобиқаҳои литсензионӣ таъмин намоем ва барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ талош кунем.  
Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.