Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баробарии гендерӣ дар варзиш. Семинари омӯзишӣ дар Кӯлоб

Баробарии гендерӣ дар варзиш. Семинари омӯзишӣ дар Кӯлоб  Баробарии гендерӣ дар варзиш. Семинари омӯзишӣ дар Кӯлоб

25.12.2018

: 432

21-23 декабр дар шаҳри Кӯлоб дар доираи Барномаи “Баробарии гендерӣ ва гуногуниҳои биологӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар семинар мураббиён, намояндагони мактабҳо ва федератсияҳои варзишии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иштирок намуданд. Масъулини Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзӯъҳои “Сиёсати Кумитаи байналмилалии олимпӣ нисбат ба баробарии гендерӣ ва гуногуниҳои биологӣ”, “Аҳамияти баробарии гендерӣ дар варзиш”, “Дастовардҳои варзишии бонувони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ”, “Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби занон ба варзиш” ва ғайра маърӯза хонданд.
Қайд гардид, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба масъалаи ҷалби бонувон ба варзиш таваҷҷуҳ доранд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз соли 1990 ба баробарии гендерӣ дар варзиш диққат дод ва Олимпиадаи Лондон-2012 аввалин бозиҳо гардид, ки дар ҳайати ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ бонувон буданд. То он замон давлатҳои Арабистони Саудӣ, Қатар ва Бруней бонувонашонро ба Бозиҳои олимпӣ намефиристоданд. Дар Бозиҳои олимпии Сочӣ-2014 бошад, шумораи иштирокчиён миёни мардҳо ва бонувон баробар шуд.
Дар ҷумҳурии мо низ ба ин масъала таваҷҷуҳ ҳаст. Хусусан мақоми зан дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои сиёсати роҳбарияти олии кишвар мебошад. Сол то сол шумораи бонувони варзишгарамон зиёд мешаванд. Хусусан, фаъолияти Федератсияи футбол дар ин самт назаррас аст. Соли равон бори аввал чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон баргузор шуд ва инчунин бори аввал дар таърихи варзиши кишвар тими мунтахаби бонувон дар Бозиҳои Осиё иштирок кард.
Камонвари номии кишвар Зебонисо Рустамова ва ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон Мавзуна Чориева идеали бисёр духтарони варзишгар гардидаанд. Бештар шудани сафи қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпию чемпионатҳои ҷаҳон ба ҷалби бештари бонувон ба варзиш мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷом ба иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдим гардид.
Баргузории семинари омӯзишии мазкур моҳи январ дар дигар минтақаҳои кишвар ба нақша гирифта шудааст.