Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Кӯлоб мусобиқаи гуштини озод баргузор шуд

21.12.2018

: 1060

Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни ҷавонон баргузор гардид, ки дар он 89 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Хатлон-1, Хатлон-2, Душанбе-1, Душанбе-2, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.

Мусобиқа дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба дастаи мунтахаби мамлакат баргузор шуд.
Ҳамин тариқ, дар вазни 57 кило Рустам Иброҳимов аз дастаи Суғд, дар вазни 61 кг Саидҷон Гулов аз дастаи Душанбе-2, дар вазни 65 кг Давлат Холиқов, дар вазни 70 кг Юнусҷон Юнусов ҳар ду аз дастаи Хатлон-2, дар вазни 74 кг намояндаи шаҳри Душанбе Айниддин Саъдулоев, дар вазни 79 кг Раҳимҷон Мирзоев аз дастаи Хатлон-2, дар вазни 86 кг Анвар Ҳасанов, дар вазни 92 кг Хисрав Наҷмуддинов, дар вазни 97 кг Комрон Маҳмадализода ва дар вазни 125 кг Обид Шеров ҳама аз дастаи Душанбе-2 ба гирифтани ҷои якум ва медали тиллои мусобиқа шарафёб шуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медалу дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб сарфароз гардиданд.