Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бохти Тоҷикистон аз Уммон дар бозии дуюми санҷишӣ

Бохти Тоҷикистон аз Уммон дар бозии дуюми санҷишӣ Бохти Тоҷикистон аз Уммон дар бозии дуюми санҷишӣ Бохти Тоҷикистон аз Уммон дар бозии дуюми санҷишӣ

17.12.2018

: 1072

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол муқобили тими Уммон бозии дуюми рафиқона анҷом дод.

Бозӣ шоми 16 декабр дар варзишгоҳи ба номи Султон Қобуси шаҳри Маскат баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Голи ягонаро футболбози тими мизбон Халид Ҳаҷрӣ дар дақиқаи 58-уми вохурӣ ба ҳадаф расонд.
Дар муқоиса бо вохурии аввал, ки се рӯз пеш доир гашта буд, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев дар ҳайати асосӣ 7 тағйирот кард. Дар бозии дуюм се бозингари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бори аввал дар ҳайати тими миллӣ ба майдон баромаданд – дарвозабон Фатҳулло Бобоев, ҳимоятгар Ваҳдат Ханонов ва ҳамлагар Муҳаммадҷон Лоиқов.
Дар бозии қаблии рафиқона мунтахаби кишвари мо аз Уммон бо ҳисоби 1:2 шикаст хурда буд.
Акнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Манама сафар мекунад ва дар он ҷо санаи 20 декабр муқобили тими Баҳрайн бозии рафиқона анҷом медиҳад.

Бозиҳои рафиқона

Уммон – ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Халид Хаҷрӣ, 58.

Тоҷикистон: Фатҳулло Бобоев, Ваҳдат Ханонов, Хуршед Бекназаров (Сиёвуш Асроров, 82), Ҳусейн Нурматов, Зоир Ҷӯрабоев (Табрези Давлатмир, 90+2), Кароматулло Саидов, Аҳтам Назаров (Эҳсони Панҷшанбе, 86), Муҳаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 76), Шервонӣ Мабатшоев (Муҳсин Абдуғаффоров, 80), Шарафҷон Солеҳов, Шериддин Бобоев (Муҳаммадҷон Лоиқов, 88).

Огоҳӣ: Носир Шомалӣ (Уммон), Ҳусейн Нурматов (Тоҷикистон).

Сардовар: Аҳмад Халид Алӣ (Кувайт).

Комиссари бозӣ: Салим Абдулло Салхӣ (Уммон).

16 декабр. Маскат. Варзишгоҳи Султон Қобус. 1200 бинанда.



Уммон – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Муҳаммад Ҳасанӣ, 74 (1:0). Матаз Солеҳ, 76 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 89 (2:1).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров (Ҳусейн Нурматов, 80), Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 77), Комрон Турсунов, Эҳсони Панҷшанбе (Шарафҷон Солеҳов, 87), Ҷаҳонгир Эргашев (Шериддин Бобоев, 69).

Огоҳӣ: Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).

Сардовар: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).

Комиссари бозӣ: Салим Абдулло Салхӣ (Уммон).

13 декабря. Маскат. Варзишгоҳи Султон Қобус. 1500 мухлис.