Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ситораҳои дзюдо дар Гуанжоу сабқат мекунанд

14.12.2018

: 502

15-16 декабр дар шаҳри Гуанжоуи Чин мусобиқаи ситораҳои дзюдо (Guangzhou Masters 2018) баргузор мешавад, ки аз ҷумҳурии мо барои ширкат дар мусобиқа Комроншоҳ Устопириён даъват гардидааст.

Тибқи низомнома дар “Guangzhou Masters 2018” 16 нафари беҳтарин дар ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Комроншоҳ Устопириён ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи беҳтар дорад. Ӯ феълан бо 3446 хол ҷои 9-уми категорияи вазнии -90кг-ро ишғол кардааст.
Дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо иштироки 534 варзишгар (119 мард, 115 зан) аз 53 кишвари дунё дар назар аст. Мусобиқа баъд аз чемпионати ҷаҳон бонуфузтарин чорабинии Федератсияи байналмилалии дзюдо мебошад. Варзишгарон дар мусобиқа соҳиби холҳои олимпӣ ва ҷоизапулӣ мешаванд. Барои ғолиб 9000 доллар, барои ҷои дуюм 6000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 3000-долларӣ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст.