Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо Сомон Маҳмадбеков

Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо Сомон Маҳмадбеков Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо Сомон Маҳмадбеков

12.12.2018

: 556

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков ва мураббиаш Фотеҳ Маҳмадбеков мулоқот кард.

Зимни суҳбат масъалаи омодагии Сомон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар намуди дзюдо дар ҳар дараҷаи вазнӣ 18 нафар мустақим тариқи раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии дзюдо соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио мешаванд, инчунин 20 варзишгари дигар аз ҳисоби раддабандии қитъаи Осиё имкони иштирок дар бозиҳои олимпиро пайдо менамоянд. Таъкид шуд, ки мусобиқаҳои литсензионӣ дар намуди дзюдо аз 25 майи соли равон оғоз гардидааст ва то 25 майи соли 2020 идома меёбад. Аз ин рӯ, бояд ҷиддӣ ба тамринҳо машғул шуда, дар мусобиқаҳои литсензионӣ ҳатман иштирок кард.
Дар анҷом ба Сомон Маҳмадбеков ва мураббиаш Фотеҳ Маҳмадбеков либоси варзишии дастаи мунтахаби Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдор буда, дар Клуби дзюдои “Ҳоҷӣ Шариф” зери роҳбарии мураббиён Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо тамрин мекунад.
Сомон то аввали соли 2018 дар вазни -66кг миёни ҷавонон гуштин мегирифт. Имсол дар вазни -73кг дар мусобиқаҳо миёни калонсолон ширкат карда, 1 декабр дар Ҳонг Конги Чин ғолиби Ҷоми Осиё шуда, пештар медалҳои нуқраи Ҷоми Аврупо дар Коимбраи Португал ва биринҷии Ҷоми Аврупо дар Ла Корунаи Испанияро сазовор гардидааст.