Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими ҷавонони кишвар ба финали чемпионати Осиё-2019 роҳ ёфт

10.12.2018

: 985

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ (U-20) ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2019 роҳхат гирифт.

Пас аз натиҷагирии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 дастаҳои футболи толории Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон аз минтақаи Осиёи Марказӣ, Лубнон, Ироқ, Арабистони Саудӣ аз минтақаи Ғарб, Ҷопон, Тайпейи Чин аз минтақаи Шарқ, Тайланд, Ветнам ва Индонезия аз минтақаи Уқёнус ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалии чемпионатро пайдо намуданд.
Натиҷаи мунтахаби Эрон ҳамчун мизбони марҳилаи финалӣ дар марҳилаи интихобӣ ба инобат гирифта намешавад.
Дар 2-юм чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба футболи толорӣ, ки соли оянда дар Эрон доир мегардад, 12 даста иштирок мекунанд. Дастаҳо тибқи қуръакашӣ ба се гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим мешаванд.