Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио. Варзиши сабук

01.12.2018

: 1084

Мусобиқа оид ба варзиши сабук аз аввалин Бозиҳои олимпӣ – соли 1896 дар Афинаи Юнон ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид. Аввал қувваозмоиҳо миёни мардон сурат мегирифт, аз Бозиҳои олимпии соли 1928 дар Амстердам қувваозмоиҳо миёни бонувон низ ба роҳ монда шуд.

Варзишгарони Тоҷикистон оид ба ин намуди варзиш аз соли 1996 дар ҳамаи Бозиҳои олимпӣ иштирок кардаанд: Атланта-1996 - 1 нафар (Гулсара Дадабоева, марафон), Сидней-2000 – 2 нафар (Гулсара Дадабоева, Сергей Забвский, марафон), Афина-2004 - 2 нафар (Гулсара Дадабоева, марафон, Дилшод Назаров, гурзандозӣ), Пекин-2008 - 2 нафар (Галина Митяева, Дилшод Назаров, гурзандозӣ), Лондон-2012 - 2 нафар (Владислава Овчаренко, 200м, Дилшод Назаров, гурзандозӣ), Рио-де-Жанейро-2016 – 2 нафар (Кристина Пронженко, 200м, Дилшод Назаров, гурзандозӣ). Дар Бозиҳои олимпии Рио-де Жанейро-2016 варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров бо натиҷаи 78,68 метр сазовори медали тилло шуд. Дилшод Назаров иштирокчии 4 олимпиада ва Гулсара Дадабоева иштирокчии 3 олимпиада мебошанд.
Дар намуди варзиши сабук Дилшод Назаров ва Кристина Пронженко аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдор буда, барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош дорад. Дар баробари онҳо аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Даврон Атабаев, Григорий Дерипаскин, Одилшоҳ Исматов ва дигарон барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 кӯшиш мекунанд.

Соли 2020 (24 июл – 9 август) дар Токио – пойтахти Ҷопон XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 33 намуди варзиш, аз ҷумла варзиши сабук ворид гардидааст.
Мусобиқаи варзиши сабук аз рӯи 48 қувваозмоӣ (мардҳо – 24, бонувон – 23, омехта - 1) доир мешавад. Қувваозмоиҳо ба чор равия қисмат шудаанд: тасмароҳ (Трек) – дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 5000, 10000 метр, давидан бо монеа дар масофаҳои 110 (мардон), 100 метр (бонувон), 400, 3000 метр, эстафета 4х100, 4х400 метр миёни мардҳову бонувон, 4х400 метр омехта; дар майдон – ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷазиш бо найзачӯб, ҷаҳиши секарата, партофти ядро, партофти диск, гурзандозӣ, найзаандозӣ миёни мардон ва бонувон; маҷмӯӣ – даҳҳарба миёни мардон, ҳафтҳарба миёни бонувон; дар шоҳроҳ – 20 км, марафон миёни мардҳову бонувон, 50 км миёни мардон.
Дар намуди варзиши сабук ҳамагӣ 1900 варзишгар иштирок мекунанд, аз ҳар кумитаи олимпӣ 3 нафар дар қувваозмоиҳои инфиродӣ, 4 нафар дар эстафета. Варзишгарон тариқи раддабандии олимпӣ ва мусобиқаҳо соҳиби роҳхат мешаванд. Раддабандии олимпӣ 1 июли соли 2020 аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук нашр мешавад. Варзишгароне, ки тариқи раддабандӣ соҳиби роҳхат нашуданд, пас, бояд меъёрҳои муқарраркардаи IAAF-ро, ки то охири соли 2018 эълон мегардад, иҷро намоянд.
Марҳилаи интихобӣ барои қувваозмоиҳои 10000м, марафон, қувваозмоиҳои равияҳои шоҳроҳ ва маҷмӯӣ аз 1 январи 2019 то 29 июни 2020, барои дигар қувваозмоиҳо аз 1 июли 2019 то 29 июни 2020-ро дар бар мегирад.

Мусобиқаи варзиши сабук дар Бозиҳои олимпии Токио-2020
Қувваозмоӣ – 48
Мардон – 24
Бонувон – 23
Омехта - 1

Шумораи иштирокчиён
Мардон/бонувон - 1900

Синну сол:
Калонсолон - 20+ барои ҳамаи қувваозмоиҳо.
Ҷавонон – 18-19-сола дар қувваозмоии сабқат ба масофаи 50км иштирок карда наметавонанд.
Наврасон – 16-17-сола дар қувваозмоиҳои маҷмӯӣ, дар майдон, дар шоҳроҳ, марафон, 10000м иштирок карда наметавонанд.

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхат тариқи раддабандии ҷаҳонӣ аз 1 июли 2020 - 1900
Варзишгароне, ки тариқи раддабандӣ роҳхат нагирифтанд, бояд меъёрҳои муқарраркардаи IAAF-ро дар марҳилаи интихобӣ иҷро намоянд.