Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳайати нави тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол

29.11.2018

: 1068

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои рафиқона муқобили тимҳои Яман, Уммон ва Баҳрайн дар моҳи декабр муайян шуд.

Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо мақсади санҷиши ҳайати захиравӣ ба тими миллӣ асосан бозингарони мунтахаби ҷавононро даъват кард. Ба ҳайати 23-нафараи дастаи мунтахаб 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлавар дохиланд. Аз легионерҳо ба тими миллӣ ҳимоятгари дастаи “Металлург”-и Бекобод Зоир Ҷӯрабоев ва ҳамлавари “ЮАС-Житковичи”-и Белорус Муҳаммадҷон Лоиқов даъват гардиданд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро дар бозиҳои рафиқонаи пешорӯ сармураббии нави тими мунтахаби олимпии кишвар (U-23) Усмон Тошеви узбекистонӣ роҳбарӣ мекунад. Барои омодагӣ ба бозиҳои рафиқона тими мунтахаби Тоҷикистон 1 декабр дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар дараи Алмосии Ҳисор ҷамъ меоянд. 5 декабр даста ба Қатар сафар мекунад ва 9 декабр дар шаҳри Доҳа бо дастаи мунтахаби Яман бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Баъдан ба Маскат рафта, 13 ва 16 декабр бо тими Уммон ду бозии рафиқона мекунад. Сафари декабрии дастаи мунтахаби кишвар дар Манама бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад. Ин дидор 20 декабр сурат мегирад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои рафиқонаи моҳи декабр:

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ханонов, Ҳусейн Нурматов («Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (КМВА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов («Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (КМВА «Помир»);

Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Бозиҳои рафиқона

9 декабр (якшанбе)
Яман – ТОҶИКИСТОН
Доҳа, Қатар

13 декабр (панҷшанбе)
Уммон – ТОҶИКИСТОН
Маскат, Уммон

16 декабр (якшанбе)
Уммон – ТОҶИКИСТОН
Маскат, Уммон

20 декабр (панҷшанбе)
Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН
Манама, Баҳрайн