Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баррасии буду боши ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020

28.11.2018

: 1057

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам дар ҳошияи Ассамблеияи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон бо роҳбари минтақавии Шуъбаи робита бо кумитаҳои миллии олимпии Ситоди Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020, хонум Кейт Ёнеяма мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои буду боши роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, намояндагони воломақом аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, варзишгарон ва ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон зимни баргузории бозиҳо, инчунин баргузор намудани машғулиятҳои таълимию машқӣ ҷиҳати омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Токиои Ҷопон Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АКМО) шурӯъ гардид, ки дар кори он 1400 намоянда аз 206 кумитаи олимпӣ иштирок доранд.
32-юм Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз 24 июл то 9 августи соли 2020 дар шаҳри Токиои Давлати Ҷопон баргузор мегардад.