Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ашт – мизбони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини озод

23.11.2018

: 351

Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони соли таваллудашон 2003-2006 ва 2007-2008 баргузор шуд.

Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт, ба хабарнигори “Ҷавонони Тоҷикистон” гуфтааст, мақсад аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи гӯштини тарзи озод байни наврасон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар мусобиқа 130 варзишгар - ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, минтақавӣ барои мақомҳои ифтихорӣ қувваозмоӣ намуданд.
Ғолибону ҷоизадорон бо медал ва дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардиданд.