Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA ширкат мекунад

20.11.2018

: 1148

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) ширкат мекунад.

Дар мусобиқа, ки аз 23 ноябр то 1 декабри соли равон дар шаҳри Тошканд доир мегардад, 5 дастаи бонувон иштирок менамоянд. Дар баробари Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби бонувони Афғонистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон барои медалҳо талош мекунанд.
Дар асоси низомнома, чемпионати CAFA миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Ғолиби чемпионат дастае мегардад, ки холи бештар ба даст оварад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Тошканд чемпионати CAFA миёни наврасони то 16-сола баргузор шуда буд, ки Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол кард.