Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду ҷои ҳафтуми ҷудочиёни тоҷик дар Гранприи Тошканд

12.11.2018

: 1301

9-11 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Гранпри оид ба дзюдо баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар иштирок карданд.

Дар мусобиқа 352 варзишгар (201 мард, 151 зан) аз 47 кишвари дунё барои ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Аз ҷумҳурии мо 14 варзишгар (2 нафар зан) дар мусобиқаи мазкур иштирок карданд. Беҳтарин натиҷаи нишондодаи варзишгарони мо ду ҷои ифтихории ҳафтум мебошад.
Дар рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг, миёни мардон, -48кг, 52кг, 57кг миёни бонувон баргузор шуд, ки варзишгарони мо Иброҳим Абдуллоев, Меҳрзод Суфиев (-60кг), Идибег Тоиров (-66кг), Фазилат Гулбоева (-52кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Дар рӯзи дуюм низ Мирзоҷамил Рамазонов, Раҳматуллобек Фарҳодов (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Акмал Муродов (-81кг) дар даври аввал мағлуб шуданд.
Дар рӯзи сеюм Эмомҷон Камолов (-90кг), Темур Раҳимов (+100кг) дар даври аввал, Шарифҷон Назриев (-100кг), баъд аз як пирӯзӣ бар варзишгари Туркманистон, дар даври дуюм шикаст хурданд. Саидҷалол Саидов (-100кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ҷойи ҳафтумро ишғол намуданд.
Саидҷалол дар даври аввал бар Уҳлас Сетдаров (Туркманистон), дар даври дуюм бар Муҳаммадкарим Хуррамов (Узбекистон) ғалаба карда, дар чорякфинал аз варзишгари Миср Рамазон Дарвеш ва дар рақобати тасаллобахш аз варзишгари Олмон Карл Ричард Фрей шикаст хурд.
Шакармамад, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Қазоқистон Галимжан Крикбай ғолиб омада, дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Бекмурод Олтибоев ва дар рақобати тасаллобахш аз намояндаи дигари кишвари мизбон Ихтиёр Холмуродов мағлуб шуд.
Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо ду ҷои ҳафтум ҷои 32-юмро ишғол намуд. Косово бо 3 медали тилло, 1 нуқра ҷои аввал, Озарбойҷон бо 3 медали тилло, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Муғулистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра ҷои сеюмро ишғол карданд.