Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 қадрдонӣ шуданд

Ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 қадрдонӣ шуданд Ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 қадрдонӣ шуданд Ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 қадрдонӣ шуданд

25.10.2018

: 2829

25 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов, Абдуллозода Аҳтам, аъзои Кумитаи иҷроия ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 иштирок карданд.
Дар оғози ҷаласа Шамсулло Соҳибов ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018-ро, ки аз 18 август то 2 сентябр дар давлати Индонезия баргузор шуд, табрик намуда, иброз дошт, ки Бозиҳои Осиё баъд аз Бозиҳои олимпӣ яке аз бонуфузтарин чорабинии варзишӣ мебошад. Қайд гардид, ки бо ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумита дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ҳайати 105 нафар ба бозиҳо сафарбар кард. Фақат аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпӣ барои сафарбар кардани 50 нафар варзишгарону мураббиён ва таъмини даста бо лавозимот ва либоси варзишӣ беш аз як миллион сомонӣ хароҷот карда шуд.
Варзишгарони мо аз рӯи 17 намуди варзиш дар бозиҳо иштирок карда, ба гирифтани 7 медал – 4 нуқра, 3 биринҷӣ шарафёб шуданд. Медалҳои нуқраро Дилшод Назаров дар нмуди гурзандозӣ, Шаҳриёр Даминов дар намуди қайиқронӣ, Беҳрӯз Хоҷазода дар намуди кураш, Умед Ҳасанбеков дар намуди самбо, медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён дар намудҳои дзюдо ва самбо, Шакармамад Мирмамадов дар намуди дзюдо сазовор шуданд. Бо нигаронӣ қайд карда шуд, ки Федератсияи байналмилалии самбо варзишгари тоҷик Умед Ҳасанбековро барои истифодаи доруҳои мамнуъ (допинг) муттаҳам кардааст.
Аз номи Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон, ки охири сол тақдим мешавад, ба ҷоизадорони Бозиҳои Осиё сипоснома ва мукофотпулӣ дода шуд. Барандагони медали нуқра дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт карданд.
Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона, ишғоли ҷои дуюми тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2018, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир гашт, Федератсияи футболи Тоҷикистон бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи миллии олимпӣ сарфароз гардид.
Аъзои Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии наврасонро, ки 6-18 октябр дар Буэнос Айреси Аргентина баргузор шуд, натиҷагирӣ карда, оид ба иштироки Тоҷикистон дар аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, ки соли оянда дар Сан Диегои ИМА ба нақша гирифта шудааст, ҳамчунин, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои литсензионӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 муҳокимаронӣ намуданд.
Рӯйхати варзишгарон ҷиҳати дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои омодагӣ ва ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар асоси натиҷаҳои нишондодаи як соли охири варзишгарон иваз карда шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки бо сабаби танишҳо миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо Федератсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ давоми як сол мо натавонистем ба се варзишгари ин намуд дастгирии молиявӣ расонем. Ҳамчунин, варзишгардухтар дар намуди каратэ Фарангис Баҳромзода бо сабаби ба шавҳар баромаданаш аз варзиш канор рафт ва маблағи ҷудошуда ба ӯ давоми як сол сухт.
Ҳамин тариқ, бо дастгирии аъзои Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ рӯйхати нави варзишгарон ҷиҳати дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 тасдиқ шуд:
1. Назаров Дилшод (варзиши сабук) – 1000 доллари ИМА;
2. Даминов Шаҳриёр (қайиқронӣ) – 800 доллари ИМА;
3. Устопириён Комроншоҳ (дзюдо) – 700 доллари ИМА;
4. Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо) – 600 доллари ИМА;
5. Раҳимов Темур (дзюдо) – 500 доллари ИМА;
6. Боқиев Суҳроб (дзюдо) – 300 доллари ИМА;
7. Маҳмадбеков Сомон (дзюдо) – 300 доллари ИМА;
8. Қаландарова Шоҳида (дзюдо) – 300 доллари ИМА;
9. Ҳалимова Моҳру (таеквондо) – 300 доллари ИМА;
10. Климик Карина (шиноварӣ) – 200 доллари ИМА;
11. Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук) – 200 доллари ИМА;
12. Мунира Бобоҷонова (қайиқронӣ) – 200 доллари ИМА;
13. Саидҷон Гулов (гуштини озод) – 200 доллари ИМА;
14. Мадина Мадкаримова (таеквондо) – 200 доллари ИМА;
15. Абдулҳаев Суҳроб (гуштини юнонӣ-римӣ) – 200 доллари ИМА.

Варзишгарони номбаршуда баъд аз мувофиқа бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз моҳи январи соли 2019 то сентябри соли 2020 ба гирифтани дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ мушарраф мешаванд.  
Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.