Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷиу-ҷитсу: Пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ

Ҷиу-ҷитсу: Пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ Ҷиу-ҷитсу: Пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ

23.10.2018

: 1195

21 октябр дар МҶМОВ оид ба таеквондои шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд.

Тавре раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов иттилоъ дод, бори аввал чунин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд ва мақсад аз он интихоби дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва калонсолон ҷиҳати омодагӣ ва иштирок дар чемпионати ҷаҳон буд, ки моҳи апрели соли оянда дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад.
Дар мусобиқа 133 варзишгар аз кишварҳои ИМА, Қирғизистон, Узбекистон, Руссия, АМА ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Миёни наврасон ва ҷавонон ҳамаи ҷойҳои ифтихориро варзишгарони тоҷик сазовор шуданд. Миёни калонсолон низ дар бештари вазнҳо варзишгарони тоҷик ғолиб омаданд. Умуман, дар ҳисоби даставӣ ҷои аввалро Тоҷикистон, ҷои дуюмро Узбекистон ва ҷои сеюмро Қирғизистон ишғол намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар Душанбе байни калонсолон:

-50кг
1. Турсунзода Нурмуҳаммад (Тоҷикистон)
2. Абдуллоҳ Абдуғафуров (Узбекистон)
3. Суҳроб Абдураҳмонов (Тоҷикистон)

-55кг
1. Амриддин Қурбонов (Тоҷикистон)
2. Ҷонибек Ёқубов (Тоҷикистон)
3. Шаҳзод Ҳотамов (Тоҷикистон)

-60кг
1. Сулаймони Аҳмадхон (Тоҷикистон)
2. Анушервон Давлатов (Тоҷикистон)
3. Сергей Алексушин (Тоҷикистон)

-62кг
1. Карим Мадинов (Узбекистон)
2. Алиҷон Бобомуродов (Тоҷикистон)
3. Раҳматулло Ҳоҷиев (Узбекистон)

-66кг
1. Амиралӣ Ҳалимов (Тоҷикистон)
2. Тимур Абдуллоев (Узбекистон)
3. Диёрбек Анваров (Узбекистон)

-69кг
1. Шоимард Абдулназаров (Тоҷикистон)
2. Сардор Солиев (Узбекистон)
3. Ҳафиҷон Қурбонов (Тоҷикистон)

-77кг
1. Маъруфҷон Назаров (Тоҷикистон)
2. Ҳаруна Мадинов (Узбекистон)
3. Данте де Агостаро (ИМА)

-85кг
1. Дмитрий Новиков (Қирғизистон)
2. Абубакр Назарзода (Тоҷикистон)
3. Комрон Ғуломшозода (Тоҷикистон)

+94
1. Умедҷон Нуров (Узбекистон)
2. Ризо Сафаров (Узбекистон)
3. Эраҷ Аминзода (Тоҷикистон)