Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар финали Ҷоми Тоҷикистон вомехуранд

22.10.2018

: 1106

21 октябр бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуда, иштирокчиёни бозии финалӣ муйян шуданд.

Дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” дар меҳмонӣ аз дастаи дигари шаҳри Душанбе – “Душанбе-83” бо ҳисоби 2:3 шикаст хурд. Вале аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал (3:1) “Истиқлол” тавонист ба даври финал роҳ ёбад.
Дар бозии дигар “Хуҷанд” дар майдони худ аз тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Дар бозии аввал дар шаҳри Турсунзода “Хуҷанд” ғолиб омада буд – 1:0.
Ҳамин тариқ, дар 27-ум финали Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода вомехуранд. Бозии ниҳоӣ 27 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки ғунҷоиши 25000 нафарро дорад, сурат мегирад. Оғози бозӣ – соати 14:00.