Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳонии гуштин як варзишгар намояндагӣ мекунад

19.10.2018

: 1242

20-28 октябр дар пойтахти Ҷумҳурии Маҷористон – шаҳри Будапешт чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин (тарзи озод, юнонӣ-римӣ) баргузор мешавад.

Тавре сомонаи расмии чемпионат иттилоъ додааст, дар мусобиқа иштироки 860 варзишгар аз 114 давлати дунё дар назар аст. Қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ дар дараҷаҳои вазнии -59кг; -66кг; -71кг; -75кг; -80кг; -85кг; -98кг; -130кг, тарзи озод дар дараҷаҳои вазнии -57кг; -61кг; -65кг; -70кг; -74кг; -86кг; -97кг; -125кг ва гуштини занон дар дараҷаҳои вазнии -48кг; -53кг; -55кг; -58кг; -60кг; -63кг; -69кг; -75кг сурат мегиранд.
Ба иттилои Федератсияи гуштини Тоҷикистон ҷумҳурии моро дар чемпионати ҷаҳон як варзишгар – Гамид Ҷалилов дар вазни -74кг-и гуштини озод муаррифӣ мекунад. Ноиби раиси Федератсияи гуштини Тоҷикистон Шодӣ Баҳромов ҷиҳати иштирок дар конференсияи Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин, ки дар доираи чемпионати ҷаҳон доир мешавад ва Ҳабибулло Нарзуллоев ба ҳайси довари дараҷаи байналмилалӣ ба ин чорабинии варзишӣ сафарбар гардидаанд.