Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Забон – омили муҳими пайвандгари наслҳо

Забон – омили муҳими пайвандгари наслҳо Забон – омили муҳими пайвандгари наслҳо Забон – омили муҳими пайвандгари наслҳо

05.10.2018

: 1146

Таҳти унвони “Забон - нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳо” дар Кумитаи  миллии олимпии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ зимни сухани ифтитоҳӣ забони давлатиро таҷассумгари таърих ва ҳувияти миллат номида, аз ҷумла афзуд: “Забон - ин мероси бузурги ниёгони некноми мо, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насл аз ҳазорсолаҳои дур то давраи соҳибистиқлолӣ омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқололият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва азизу гиромӣ медорем”.
Саъдӣ Қосимов, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, зимни ироаи маърӯзаи хеш доир ба ҳалли мушкилоти имрӯзаи забон суханронӣ намуд. Ӯ гуфт: “Баъд аз гузашти солҳо давлати миллии мо бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик ба хотири равнақу густариши забони тоҷикӣ ва ба ҳамин восита пешрафти фарҳанги миллӣ вазифаҳои бомасъулиятро мегузорад. Имрӯз бояд ба назари интиқодӣ таҳқиқоту пажӯҳишҳои забоншиносии худро таҳлилу баррасӣ намуда, самтҳои асосӣ ва бунёдии густаришу такомули илми забони тоҷикиро муайян намоем. Ин самтҳо бояд масъалаҳои дохил шудани забони тоҷикӣ ба фазои  иттилоотии техникӣ, ба забони тавонои илмӣ табдил ёфтани забони давлатӣ, таҳияи истилоҳоти илмиву техникӣ ва ҳамгунсозиву меъёр кардани истилоҳоти соҳавӣ, таҳияи меъёрҳои илмии забони адабии навишторӣ ва гуфторӣ дар асоси меъёрҳои таърихии густариши забон ва бисёр масъалаҳои дигари муҳими рушди забони моро дар бар гирад”.
Дар ҷараёни конфронс, ҳамчунин маърӯзаҳои Шоҳзамон Раҳмонов, доктори илми филологӣ, профессори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳо, Ширин Амонзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Муҳаммад Муминов, мутахассиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва як қатор ҷавонони дигар шунида шуд.