Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон Ҷоми Бангабандуро бо ғалаба оғоз кард

03.10.2018

: 1095

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup»-ро, ки дар Бангладеш ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз кард.

Дар бозии даври аввали гурӯҳи “А” мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев бар тими миллии Непал пирӯз шуд – 2:0. Ҳисоб дар дақиқаи 27 кушода шуд. Ҷаҳонгир Эргашевро дар ҷаримагоҳи дастаи Непал аз по афтонданд ва капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев аз пеналтӣ гол зад. Комрон Турсунов дар нимаи дуюм ба майдон омад ва ҳисоби бозиро афзуд. Воқеан, ин аввалин бозӣ ва аввалин голи Комрон Турсунов дар дастаи мунтахаб мебошад.
Дар гурӯҳи “В” дастаи мизбон – Бангладеш бар тими Лаос бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Дар даври дуюм ҳарифи тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дастаи Фаластин мебошад. Вохурӣ 4 ноябр доир мегардад.
Дар сурати ба даври дигар баромадан тими мунтахаби мо бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “В” – Филиппин, Бангладеш ё Лаос вомехурад.