Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧО-2018: Тоҷикистон ба чорякфинал роҳ ёфт

27.09.2018

: 1225

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар даври ниҳоии гурӯҳи “А”-и Чемпионати Осиё-2018 бар тими ҷавонони Тайланд ғалаба карда, ба даври чорякфинал роҳ ёфт.

Бозӣ имрӯз – 27 сентябр дар шаҳри Куала Лумпур бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Голҳои тими Тоҷикистонро Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 39 ва Амадонӣ Камолов дар дақиқаи 84 заданд. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи Ҷопон бар тими Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Баъд аз натиҷагирии се давр дар гурӯҳи “А” Ҷопон бо 7 хол ҷои аввалро ишғол кард. Тоҷикистон бо 4 хол дар зинаи дуюм, Малайзия ва Тайланд бо 3-холӣ дар зинаҳои сеюму чорум қарор гирифтанд.
Ҳамин тариқ, дастаҳои Ҷопон ва Тоҷикистон ба даври чорякфинали марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳ ёфтанд. Дар ин давр Тоҷикистон бо ғолиби гурӯҳи “В” (ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ-Уммон), ки имрӯз муайян мегардад, вомехурад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии якум аз тими Малайзия бо ҳисоби 2:6 шикаст хурда, дар даври дуюм бозиро бо Ҷопон мусовӣ кард.
Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 миёни 16 дастаи ҷавонони то 16-сола 20 сентябр оғоз гардид ва то 7 октябри соли равон дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия идома меёбад.
Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар даври чорякфинал 30 сентябр ба майдон мебароянд. Оғози бозӣ - соати 17:45 (бо вақти Душанбе).