Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тюрина – иштирокии сеюми БОН-2018 аз Тоҷикистон

06.09.2018

: 1344

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Анастасия Тюрина ҳаққи иштирок дар III Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентинаро ба даст овард.

Федератсияи байналмилалии шиноварӣ номзадии Анастасияро дар Бозиҳои олимпии наврасон тасдиқ кард.
Тюрина Анастасияи 16-сола дар Бозиҳои олимпии наврасон дар намуди шиноварӣ дар масофаи 50 метр тарзи озод ва 50 метр парвона (butterfly) иштирок хоҳад кард.
Анастасия сеюм варзишгари Тоҷикистон аст, ки ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон-2018 роҳхат ба даст меорад. Қаблан Бежан Файзуллоев дар намуди тирандозӣ (10 метр аз таппонча) ва Сулаймони Ҷамшед дар намуди дзюдо (-66 кг) ҳаққи иштирок дар Олимпиадаи наврасонро пайдо карда буданд.
III Бозиҳои олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегардад. Дар ин чорабинии варзишӣ ҳудуди 4000 варзишгари наврас аз 206 давлати ҷаҳон аз рӯи 32 намуди варзиш (541 қувваозмоӣ) барои ҷоизаҳо талош мекунанд.