Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, 18-ум Бозиҳои Осиёро кушода эълон мекунам”

“Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, 18-ум Бозиҳои Осиёро кушода эълон мекунам” “Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, 18-ум Бозиҳои Осиёро кушода эълон мекунам” “Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, 18-ум Бозиҳои Осиёро кушода эълон мекунам” “Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, 18-ум Бозиҳои Осиёро кушода эълон мекунам” “Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, 18-ум Бозиҳои Осиёро кушода эълон мекунам” “Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, 18-ум Бозиҳои Осиёро кушода эълон мекунам”

19.08.2018

: 608

Бо ҷумлаи боло Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо расман 18-ум Бозиҳои Осиёро дар Варзишгоҳи “Gelora Bung Karno”-и шаҳри Ҷакарта кушода эълон намуд.

Дар маросими кушодавии Бозиҳои Осиё-2018 дар баробари Президенти Индонезия, президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ ва намояндагону варзишгарони 45 кишвари Осиё ширкат намуданд.
Варзишгарону меҳмононро раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018 Эрик Тоҳир ва Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ хайрамақдам гуфтанд. Президенти Шӯрои олимпии Осиё ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин чорабинии варзишӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён карда, гуфт, ки Бозиҳои Осиё дар ҷаҳон аз рӯи шумораи варзишгарон дуюмин чорабинии бузурги варзишӣ мебошад.
Баъ аз барафрохтани парчамҳои Ҷумҳурии Индонезия ва Шӯрои олимпии Осиё гузашти ҳайатҳои 44 давлат (Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ дар ҳайати як даста муаррифӣ шуданд) баргузор шуд. Дар ин маросим 6000 варзишгар ширкат намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин бозиҳо варзишгари маъруф Искандари Рустам бо барафрохтани Парчами давлатии кишвар муаррифӣ намуд. Кишвари моро дар ин бозиҳо ҳайати беш аз 100-нафара, аз ҷумла 82 варзишгар аз рӯи 16 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд.
Сипас, барномаи театрӣ пешкашӣ ҳозирин гардида, оташи олимпӣ дар варзишгоҳи мазкур фурӯзон карда шуд.
Дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ, ки аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, варзишгарон барои 462 маҷмӯи медалҳо рақобат мекунанд.