Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БО-2018: Мунтахаби бонувони кишвар аввалин бозиашро бохт

БО-2018: Мунтахаби бонувони кишвар аввалин бозиашро бохт БО-2018: Мунтахаби бонувони кишвар аввалин бозиашро бохт

17.08.2018

: 1160

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол аввалин дидорашро дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар гурӯҳи “В” бохт.

Ҳарифи футболбоздухтарони Тоҷикистон мунтахаби бонувони Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея буд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Bumi Sriwijaya”-и шаҳри Палембанг бо ҳисоби 16:0 ба фоидаи кореягиҳо анҷом ёфт.
Ин дидорро Панса Чайсанит аз Тайланд доварӣ кард. Ба ӯ дар канорҳои майдон ҳамватанаш Суапван Ҳинзонг ва Сабрин Алабадии урдунӣ кӯмак карданд.
Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври дуюм 20 август бо мунтахаби бонувони Чин вомехурад.

Ҳайати дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар бозӣ муқобили дастаи ҶХД Корея:
Дарвозабон:  
Саидова Сайёра, 1

Ҳимоятгарон:
Саидова Саҳина, 2
Файзуллоева Марҷона, 9
Олимова Насиба, 5
Мирзоева Нодира, 14

Нимҳимоятгарон:
Мирзоева Муниса, 17, Бобоева Шаҳноза, 12
Сотникова Наталия, 4
Ҳалимова Лайло, 20

Ҳамлагарон:
Фозилова Мадина, 8, капитан
Сафарова Зулайхо, 6
Худодова Некубахт, 15