Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ғалабаи дуюми тими ҷавонони кишвар дар Чемпионати АФОМ

27.07.2018

: 1233

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-15) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) дар шаҳри Тошканди Узбекистон ғалабаи дуюмашро ба қайд гирифт.

Дар даври сеюми чемпионат футболбозони ҷавони кишвар ба дарвозаи тими ҷавонони Туркманистон 2 голи беҷавоб заданд. Голҳоро Фирдавс Олимзода ва Меҳрубони Абдурауф заданд.
Футболбозони ҷавони кишвар дар даври аввал бар тими Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, дар даври дуюм бо ҳамин ҳисоб аз тими ҷавонони Узбекистон шикаст хурд.
Дар бозиҳои дигари даври сеюм Эрон бар Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ва Узбекистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.
Баъд аз натиҷагирии се даври мусобиқа Узбекистон ва Эрон бо 9-холӣ дар садри ҷадвал қарор доранд. Тоҷикистон бо 6 хол ҷои сеюм, Афғонистон бо 3 хол ҷои чорум, Қирғизистон ва Туркманистон, ки хол надоранд, ҷойҳои 5-уму 6-умро ишғол кардаанд.
Фардо – 28 июл дар даври чорум футболбозони ҷавони мо бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон вомехуранд.