Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои Осиё-2018: Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба кураш

25.07.2018

: 1738

Дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба кураш иштирок мекунад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан Шуморо бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ва варзиши сабук шинос кард. Инак, варзишгарони зерин шарафи варзиши кишвари моро дар намуди кураш ҳимоя мекунанд:

-66 кг
Додов Орифҷон
Ҳалимов Баҳодур

-81 кг
Муродов Акмал
Хоҷазода Беҳрӯз

-90 кг
Раҳмонов Ҳоҷимашраб
Ғазалшои Давлатшо

+90 кг
Хоркашев Набимуҳаммад
Саидов Саидҷалол

Мусобиқа оид ба кураш 28-30 август дар шаҳри Ҷакарта доир мегардад. Мусобиқаи кураш дар 4 категорияи вазнӣ миёни мардон (-66 кг, -81 кг, -90 кг, +90 кг) ва 3 дараҷаи вазнӣ миёни занон (-52 кг, -63 кг, -78кг) баргузор мешавад, ки варзишгарони мо дар ҳар 4 вазн миёни мардон ширкат мекунанд.
Гуштини кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи Осиё ворид карда шудааст. Ин намуди варзиш ба барномаи Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ ворид гардида буд, ки соли гузашта дар Ашқобод варзишгарони мо соҳиби як медали нуқра (Хоҷазода Беҳрӯз, -73 кг) ва ду биринҷӣ (Насимов Фирдавс, -100 кг, Хусравов Хушқадам, -66 кг) гардида буданд.