Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдочиёни кишвар ба Ҳонг Конг сафар карданд

11.07.2018

: 1443

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон дар ҳайати ҳафт нафар ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Осиё ба Ҳонг Конг сафар кард.

Тавре котиби генералии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Шамсия Саидова иттилоъ дод, 13-15 июл дар Ҳонг Конг Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад. Дар мусобиқа миёни наврасон 133 варзишгар (84 писар, 49 духтар) аз 27 давлати қора иштирок мекунанд. Ҷумҳурии моро 4 нафар намояндагӣ мекунанд: Сулаймони Ҷамшед (вазни -60 кг), Ғаниев Ғаниҷон (-73 кг), Холиқов Фаридун (-81 кг), Қурбонов Эмомризо (-90). Варзишгарони наврас барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки моҳи октябри имсол дар Буэнос Айреси Аргентина доир мегардад, соҳиби хол мегарданд.
Дар рақобатҳо миёни ҷавонон бошад, 127 варзишгар (76 писар, 51 духтар) барои ҷоизаҳо талош менамоянд. Аз ҷумҳурии мо 3 варзишгар - Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Муҳаммадуллоҳ Лоиқов (-90 кг) дар ин мусобиқа иштирок мекунанд.