Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати ОМ: Бозиҳои даври дуюм баргузор шуданд

09.07.2018

: 1256

7 июл дар шаҳри Тошканди Узбекистон даври дуюми чемпионати Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои футболи то 16-сола баргузор шуд.

Тими футболи наврасони Тоҷикистон ин бор бо ҳамсолонашон аз Афғонистон вохурданд. Бозӣ бо пирӯзии минималии Афғонистон ба поён расид – 1:0. Голро ҳимоятгари Тоҷикистон Фирӯзҷон Бобоназаров вориди дарвозаи дастаи худаш кард.
Дар бозии дигар тими мизбон – Узбекистон ба дарвозаи дастаи наврасони Қирғизистон 5 голи беҷавоб зад.
Баъд аз натиҷаи ду давр Узбекистон бо 6 хол дар ҷои аввали ҷадвали мусобиқа аст. Афғонистон, ки 3 хол дорад, дар ҷои дуюм, Тоҷикистону Қирғизистон бо якхолӣ дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд.
Чемпионати Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои футболи то 16-сола имрӯз – 9 июл ба анҷом мерасад. Дар даври охир дастаҳои Тоҷикистон бо Узбекистон ва Қирғизистон бо Афғонистон вориди майдон мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал бозии дастаи футболи наврасони кишвар бо Қирғизистон мусовӣ (2:2) анҷом ёфта буд.