Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои Осиё-2018: Ҳарифони даври гурӯҳии тими футболи занонаи кишвар муайян гардид

05.07.2018

: 1378

Имрӯз – 5 июл – дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия маросими қуръакашии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 баргузор шуд.

Дар мусобиқаи футбол миёни бонувон 11 дастаи қора, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дастаҳо дар се гурӯҳ (2 гурӯҳи иборат аз 4 тим ва як гурӯҳ – 3 тим) барои ҷоизаҳо рақобат мекунанд. Тими футболи занонаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои футболи занонаи Кореяи Шимолӣ, Чин ва Ҳонг Конг дар гурӯҳи “В” бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайпейи Чин, Малдив ва ба гурӯҳи “С” тимҳои Ҷопон, Ветнам, Тайланд ворид шуданд. Се дастаи беҳтари гурӯҳҳои "А" ва "В" ва ду даста аз гурӯҳи "С" ба даври чорякфинал роҳ меёбанд. 
Мусобиқаи футбол миёни бонувон дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 аз 16 то 31 август дар шаҳри Палембанги Индонезия доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш ворид шудааст. Маросими кушодашавии Бозиҳои Осиё 18 август, маросими пӯшидашавӣ 2 сентябр доир мегардад. Дар бозиҳо иштироки наздики 10000 варзишгар аз 45 давлати қора дар назар аст.