Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аввалин медали Дилшод Назров дар соли равон

13.06.2018

: 422

Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруф Дилшод Назаров дар мусобиқаи навбатии силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” сазовори медали биринҷӣ шуд.

Мусобиқаи 64-ум ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) 8 июн дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон доир гардид. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,18 метр ҳаво дода, ҷои сеюмро ишғол кард. Ҷойҳои аввалу дуюм насиби лаҳистониҳо Войсех Новитский (80.63) ва Павел Файдек (80.04) гардид.
Силсилаи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук дар соли равон 10 ададро ташкил медиҳад. Якум мусобиқа дар Ямайка доир гашт. Баъдан Осакаи Ҷопон мизбони мусобиқаи варзиши сабук буд (Seiko Golden Grand Prix Osaka-2018), ки Дилшод Назаров бо натиҷаи 75.01 ҷои чорумро ишғол кард. Дилшод Назаров, ҳамчунин дар мусобиқаи “Paavo Nurmi Games” (Финландия) низ ширкат карда, бо натиҷаи 76.16 сазовори ҷои панҷум шуд.
Феълан дар раддабандии беҳтарин гурандозони ҷаҳон Дилшод Назаров бо 229.35 хол дар ҷои сеюм аст. Павел Файдек (237.41) дар ҷои аввал, Войсех Новитский (236.70) дар ҷои дуюм, Бенс Халаж аз Маҷористон (228.66) дар ҷои чорум, Марсел Ломнитский аз Словакия (222.95) дар ҷои панҷум қарор доранд.