Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Сомон дар Ҷоми Аврупо медали биринҷӣ гирифт

21.05.2018

: 1337

Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 19-20 майи соли равон дар шаҳри Корунаи Испания доир гашт, медали биринҷӣ ба даст овард.

Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни -73 кг дар марҳилаи муқаддамотӣ нахуст бар варзишгари Чехия Адам Будзовский, баъдан бар варзишгари мизбон Ҷавиа Ортиз Кабелло дастболо шуда, аз намояндаи кишвари исроил Дин Яааков Гемер мағлуб шуд. Варзишгари тоҷик баъдан муборизаро барои ҷои сеюм идома дода, Эту Ҳейнонен (Финландия), Анреа Спикуглиа (Италия) ва Орон Гинер (Исроил)-ро шикаст дод.
Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон 331 варзишгар (212 мард, 119 зан) аз 24 давлат ширкат карданд. Дар ҳисоби даставӣ Руссия бо 8 медали тилло, 5 нуқра, 10 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Олмон бо 3 медали тилло, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Фаронса бо 2 медали тилло, 4 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 12-ум қарор гирифт.