Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рақибони Тоҷикистон дар ЧО-2018 муайян шуд

Рақибони Тоҷикистон дар ЧО-2018 муайян шуд Рақибони Тоҷикистон дар ЧО-2018 муайян шуд Рақибони Тоҷикистон дар ЧО-2018 муайян шуд

19.05.2018

: 1318

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия рақобат мекунад.

18 май дар Ҷакарта маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонон баргузор шуд. Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия гурӯҳи “D”-ро ташкил доданд.
40-ум Чемпионати Осиё миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон бо иштироки 16 дастаи қора аз 18 октябр то 4 ноябри соли равон дар давлати Индонезия баргузор мешавад. Дастаҳо ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чорякфинал мебароянд.
Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Лаҳистон доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар таърихаш бори чорум дар марҳилаи финалии чемпионати Осиё ширкат мекунад. Қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 иштирокчии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё буд. Соли 2016 футболбозони ҷавони мо ба даври чорякфинал роҳ ёфта буданд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 (U-19) миёни ҷавонон:
Гурӯҳи «А»: Индонезия, АМА, Қатар, Тайпэйи Чин.
Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Ироқ, Тайланд, ҶХДК.
Гурӯҳи «С»: Ветнам, Ҷумҳурии Корея, Австралия, Урдун.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, ТОҶИКИСТОН, Чин, Малайзия.

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Мубин Эргашев баъд аз қуръакашӣ назарашро дар суҳбат бо сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон чунин баён кардааст: «Дар марҳилаи финалӣ дастаи суст нест ва буданаш ҳам имкон надорад. Дар гурӯҳи мо дастаҳо ҳамвазнанд ва ҳар кадом имкони ба даври дигар баромадан доранд. Мо талош мекунем. Тоҷикистон ягона намояндаи Осиёи Марказист. Мо кӯшиш мекунем на танҳо кишвари худ балки минтақаро сазовор муаррифӣ кунем. Камтарин вазифае, ки назди мо гузошта шудааст, баромадан аз даври гурӯҳӣ мебошад”.

Ҷадвали бозиҳои Чемпионати Осиё-2018 (U-19):
1-ум давр.
18 октябр (панҷшанбе)
16:00. АМА – Қатар. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»
19:00. Индонезия – Тайпэйи Чин. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

19 октябр (ҷумъа)
16:00. Ироқ – Тайланд. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»
16:00. Ветнам – Урдун. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»
19:00. Ҷопон – ҶХДК. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»
19:00. Ҷумҳурии Корея – Австралия. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

20 октябр (шанбе)
16:00. Арабистони Саудӣ – Малайзия. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»
19:00. ТОҶИКИСТОН – Чин. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

2-юм давр
21 октябр (якшанбе)
16:00. Тайпэйи Чин – АМА. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»
19:00. Қатар – Индонезия. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

22 октябр (душанбе)
16:00. ҶХДК – Ироқ. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»
16:00. Австралия – Ветнам. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»
19:00. Тайланд – Ҷопон. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»
19:00. Урдун – Ҷумҳурии Корея. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

23 октябр (сешанбе)
16:00. Чин – Арабистони Саудӣ. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»
19:00. Малайзия – ТОҶИКИСТОН. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

3-юм давр
24 октябр (чоршанбе)
19:00. Индонезия – АМА. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»
19:00. Қатар – Тайпэйи Чин. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

25 октябр (панҷшанбе)
16:00. Ҷопон – Ироқ. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»
16:00. Тайланд – ҶХДК. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»
19:00. Ветнам – Ҷумҳурии Корея. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»
19:00. Австралия – Урдун. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

26 октябр (ҷумъа)
19:00. Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН. Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»
19:00. Чин – Малайзия. Сибинонг, варзишгоҳи «Пакансари»

Чорякфинал
28 октябр (якшанбе)
16:00. 1 «А» – 2 «В». Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»
19:30. 1 «В» – 2 «А». Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

29 октябр (душанбе)
16:00. 1 «С» – 2 «D». Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»
19:30. 1 «D» – 2 «С». Бекаси, варзишгоҳи «Патриот»

Нимфинал
1 ноябр (панҷшанбе)
16:00. Ғолиби 1«А»/2«В» – Ғолиби 1«С»/2 «D». Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»
19:30. Ғолиби 1«В»/2«А» – Ғолиби 1«D»/2«С». Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»

Финал
4 ноябр (якшанбе)
19:30. Ҷакарта, варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»