Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Федератсияи тенниси рӯи миз роҳбарият нав шуд

Дар Федератсияи тенниси рӯи миз роҳбарият нав шуд Дар Федератсияи тенниси рӯи миз роҳбарият нав шуд

28.04.2018

: 1506

Исмоилзода Мирзо, раиси Ширкати холдингии саҳомии “Барқи тоҷик” раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд.

Имрӯз – 28 апрел - дар толори маҷлиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Плениуми интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он меҳмонон – Ҳакимзода Шарифҷон – намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Абдуллозода Аҳтам Рустам – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Абдуллозода Муҳаммадшо – котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ, вакилон ва аъзои федератсия иштирок карданд.
Иштирокчиён баъд аз интихоби раисикунанда ва котиботи маҷлис ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иборат аз 6 банд пардохтанд. Зимни муҳокимаи масъалаҳо аз ҷумла номзадии Исмоилзода Мирзо ба ҳайси раиси Федератсияи тенниси рӯи миз пешниҳод ва бо овоздиҳии якдилонаи вакилон интихоб шуд.
Сипас, бо пешниҳоди раиси нави федератсия Ризоев Нуралӣ ноиби раиси федератсия, инчунин раис ва аъзои комиссияҳои доварон, мураббиён ва бозрасӣ интихоб гардиданд.
Абдуллозода Аҳтам зимни сухани табрикӣ, аз ҷумла қайд кард, ки таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар рушд карда истодааст ва ба ҳайси раисони федератсияҳои варзишӣ шахсони сазовор интихоб гардида истодаанд. Тенниси рӯи миз яке аз намудҳои шавқовари варзиш аст, ки ҷавонони мо аз ҳама бештар ба он рӯ овардаанд. Бо супориши Пешвои миллат дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғатӣ гӯшаи махсуси тенниси рӯи миз сохта хоҳад шуд, ки дар оммавӣ гардидани ин намуди варзиш мусоидат хоҳад кард.
Исмоилзода М. дар навбати худ ба вакилон барои дастгириашон миннатдорӣ баён кард ва иброз дошт, ки тамоми саъю кӯшишашро мекунад, то ба боварии вакилон ва аъзои федератсия сазовор бошад.