Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Тоҷикистон бори аввал “Дав барои хушҳолӣ” доир шуд

Дар Тоҷикистон бори аввал “Дав барои хушҳолӣ” доир шуд Дар Тоҷикистон бори аввал “Дав барои хушҳолӣ” доир шуд Дар Тоҷикистон бори аввал “Дав барои хушҳолӣ” доир шуд Дар Тоҷикистон бори аввал “Дав барои хушҳолӣ” доир шуд Дар Тоҷикистон бори аввал “Дав барои хушҳолӣ” доир шуд

25.04.2018

: 1444

Имрӯз - 25 апрел - дар Боғи “Ҷавонон”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МИҲД шаҳри Душанбе ва таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё чорабинии варзишии “Дав барои хушҳолӣ” баргузор шуд.

Дар чорабинӣ сокинони шаҳри Душанбе, варзишгарон, масъулини соҳаи варзиш, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров ва ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева иштирок намуданд.
Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар назди иштирокчиёни чорабинӣ, аз ҷумла гуфт: “Ҳукумати кишвар, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса доранд. Бо ҳидояту роҳнамоии Сарвари давлат чанд соли охир дар ҷумҳурӣ иншооти зиёди варзишӣ сохта ба истифода дода шуд ва имрӯзҳо кишвари мо мизбони мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ гаштааст”.
Чорабинии варзишии “Дав барои хушҳолӣ” аз соли 2006 таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё қабл аз Бозиҳои Осиё бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифати сокинони кишварҳои қора оид ба аҳамияти Бозиҳои Осиё, оммавияти варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва арзишҳои умумибашарии Ҳаракати олимпӣ таҳти шиори “Нерӯи Осиё” роҳандозӣ мегардад.
Ин навбат Шӯрои олимпии Осиё баргузории чорабинии мазкурро дар қаламрави 45 кишвари Осиё ба нақша гирифтааст, ки дар меҳвари аслии он таблиғу ташвиқи 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё дар Ҷакарта/Паленбанги Индонезия қарор мегирад. Ин маърака дар бештар аз 25 давлати қора доир гардид ва имрӯз Тоҷикистон мизбони ин чорабинӣ аст.
Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд: “Бозиҳои Осиё аз рӯи сатҳу сифат барои Тоҷикистон баъд аз Бозиҳои олимпӣ дар ҷои дуюм меистад. Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ бори аввал соли 1994 дар бозиҳо ширкат кард ва то имрӯз 21 медал, аз ҷумла 4 медали тиллои бозиҳоро ба даст овардааст, ки 3 медали тилло ба варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров тааллуқ дорад”.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо омодагии варзишгарони мо ба Бозиҳои Осиё-2018 ҷараён дорад. Аз ҷумла чанд рӯз қабл Бозиҳои варзишии Тоҷикистон аз рӯи 11 намуди варзиш шурӯъ шуд, ки як марҳилаи тайёрии дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои варзиш ба Бозиҳои Осиё-2018 мебошад. 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта/Паленбанги Индонезия аз 18 август то 2 сентябри соли ҷорӣ дар навбати худ як марҳилаи омодагии варзишгарон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад.
Елена Чакарова, масъули робитаҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё паёми президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳро қироат кард. Аз ҷумла гуфта шуд, 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё моҳи августи соли ҷорӣ дар кишвари Индонезия баргузор мегардад, аммо бузургдошти чорабинии мазкур аз ин ҷо, бо шумо - иштирокчиёни маъракаи варзишии “Fun Run” оғоз мешавад. Аҳамияти чорабинии мазкур, агар аз медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Бозиҳои Осиё зиёд набошад, вале аз онҳо кам ҳам нест. Ин маърака рӯҳияи дӯстию рафоқат, муносибати рафиқона ва дорои тамоми хусусиятҳои инсонию ҳамгироӣ мебошад, ки ба шарофати Бозиҳои Осиё дар сартосари қора барпо мегардад.
Қабл аз ҳама чорабинии мазкур сокинони минтақаро барои шарик гаштан дар изтиробу ҳаяҷони Бозиҳои Осиё бо ҳам меорад ва иштироки онҳоро гиромӣ медорад. Дуюм, маъракаи мазкур боис мегардад, ки падару модарон дар паҳлуи фарзандони хеш бо хушҳолӣ бидаванд ва меҳру муҳаббати худро нисбат ба варзишу варзишгарон боз ҳам афзунтар намоянд. Бо таъмини ҳузури худ дар маъракаи варзишии “Fun Run” шумо низ аз ҷумлаи шумораи варзишгарони дар боло зикргардида мебошед.
Иштирокчиёни чорабинӣ дар масофаи 2,5 км. давиданд.
Дар фарҷом ба 30 нафар иштирокчии фаъол медалҳои хотиравии Бозиҳои Осиё-2018 ва сертификат тақдим гардид.
Чорабиниро намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018 назорат карданд.