Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бахшида ба Рӯзи пойтахт: семинар-машварат оид ба шиноварӣ

Бахшида ба Рӯзи пойтахт: семинар-машварат оид ба шиноварӣ Бахшида ба Рӯзи пойтахт: семинар-машварат оид ба шиноварӣ Бахшида ба Рӯзи пойтахт: семинар-машварат оид ба шиноварӣ Бахшида ба Рӯзи пойтахт: семинар-машварат оид ба шиноварӣ Бахшида ба Рӯзи пойтахт: семинар-машварат оид ба шиноварӣ

21.04.2018

: 582

Имрӯз, 21 апрел, ба муносибати Рӯзи пойтахт дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки мураббиёну варзишгарони Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон семинар-машварат доир гардид.

Дар чорабинӣ Абдуллозода Муҳаммадшо - котиби генералӣ ва Эркин Латипов - директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мавзуъҳои “Риояи меъёрҳои сатндарти давлатӣ” ва “Допинг ва зарари он ба ҷомеа” маърӯза карда, доир ба мушкилоту пешрафти намуди шиноварӣ дар кишвар мубоҳиса намуданд.
Абдуллозода Муҳаммадшо нахуст ҳозиринро аз номи роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи миллии шиноварӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт шодбош гуфта, иброз дошт, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдату миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои варзишӣ бунёд гардида, барои варзишгарон шароитҳо муҳайё гардидаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зимни суханрониашон дар Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи миллии олимпӣ дастур доданд, ки бо иштироки мураббиёну варзишгарон семинару конфронсҳо ташкил карда шавад.
- Боиси хушҳолист, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони Маҷмааи универсиалии варзишӣ ҷараён дорад, ки дар он сохтмони ду ҳавзи шиноварӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, - гуфт Абдуллозода М. – Чанд рӯз қабл Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар ин маҷмаа шинос шуданд ва ҷиҳати дар сатҳи баланд сохтани он дастуру ҳидоятҳо доданд.
Қайд гардид, ки баъд аз роҳбари Федератсияи миллии шиноварӣ таъин шудани Раҳимзода Рамазон як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла дастаи мунтахаби кишвар оид ба шиноварӣ дар истироҳатгоҳи “Баҳористон” ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта шуд ва тасмим гирифта шудааст, ки моҳи июни соли равон бори аввал дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир гардад. Ин имкон медиҳад, ки варзишгарони мо бо варзишгарони кишварҳои хориҷӣ рақобат карда, сатҳи омодагиашонро ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ хубтар кунанд.
Бо нигаронӣ қайд карда шуд, ки шиноварони мо барои беҳтар кардани натиҷаи варзишиашон кӯшиш намекунанд. Сабабаш вақти зиёд муайян шудан барои иҷро кардани меъёри Устоди варзиши Тоҷикистон мебошад. Мисол оварда шуд, ки дар масофаи 50 метр, тарзи озод, агар барои иҷро кардани меъёри Устоди варзиши Тоҷикистон соли 2003 24 сония муайян шуда бошад, ҳоло ин то 26 сония боло бурда шудааст. Ҳамчунин, ба иштирокчиён меъёрҳои муайянгардида барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии наврасон ва Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 фаҳмонида шуд. Тавсия дода шуд, ки мураббиён ва варзишгарони мо бояд натиҷаашонро ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мувофиқ намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ба натиҷаҳо даст ёбем.
Ба варзишгарону мураббиён, инчунин истифодаи допинг ва оқибатҳои нанговари он фаҳмонида шуд. Қайд гардид, ки варзишгарон бояд дар истифодаи дору ва витаминҳо бисёр эҳтиёткор бошанд, зеро истифода кардани доруҳои мамнуъ дар варзиш боиси рехтани обрӯи на танҳо варзишгар, балки давлат мегардад. Дар ин бобат саргузашти талхи варзишгарони Федератсияи Руссия мисол оварда шуд, ки онҳо натавонистанд дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ зери парчами давлати худашон баромад кунанд ва Кумитаи олимпии Руссия як муддат аз узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ хориҷ карда шуд.
Иштирокчиён, ҳамчунин, бо тарзи супоридани допинг зимни мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуда, навори видеоии омӯзиши шиновариро тамошо карданд.